«Ба саёҳати Ӯзбекистон баро!»

Шурӯъ аз моҳи марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Шӯрои федератсияи Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон дар доираи шиори «Ба саёҳати Ӯзбекистон баро!» ба мақсади таъмини иштироки фаъоли иттифоқҳои касаба дар барномаҳои сайёҳӣ барои ходимоне, ки дар корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо меҳнат мекунанд, ҳамчунин, аъзои оилаи онҳо ба шаҳрҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳои кишварамон саёҳатҳо ташкил дода шуд.
– То имрӯз зиёда аз 5 ҳазор нафар коргар, фермер, нафақахӯр ва аъзои оилаи онҳо Самарқанд, Бухоро, Хоразм, Фарғона ва дигар ҷойҳои таърихии сарзаминамонро зиёрат карданд, – мегӯяд мудири шуъбаи иттифоқи касабаи вилояти Тошканд Шаҳноза Одилхонова. – Аз ҷумла, 600 нафар сайёҳ дар меҳмонхонаи шинам ва бо диди замонавӣ сохташудаи «Хоразм палас» ҷойгир шуда, «Ичанқалъа», «Маҷмаъи Ҷалолуддин Мангубердӣ», масҷиди ҷомеи «Ниёзмуҳаммад Охун», «Маҷмӯи Авесто» барин масканҳои таърихиро зиёрат намуданд.
Чорабинии «Ба саёҳати Ӯзбекистон баро!» то соли 2021 давом мекунад. Сайёҳон, қатъӣ назар аз синну сол, бо як олам таассурот баргашта, барои созмон додани чунин шароит ва эътибор ба Президент миннатдорӣ баён намуданд.

Даврон АҲМАД.
Суратгир муаллиф.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ