Дар соҳаи хоҷагии қишлоқ 391 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуд

Дар ду соли охир 391 ходими вазорат ва идораҳои ба соҳаи хоҷагии қишлоқ дахлдор ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Дар ин бора дар ҷамъомаде, ки рӯзи 7-уми ноябр бахшида ба ҳолатҳои коррупсионӣ баргузор шуд, Сарпрокурори мамлакат Н.Йӯлдошев маълум кард. Сарпрокурор таъкид кардааст, ки дар солҳои 2019-2020 391 нафар ходими соҳаи хоҷагии қишлоқ бо ҷинояткорӣ ба давлат ба миқдори 225 миллиард сӯм зарар расонданд. Ҳоло 52 нафар ходим барои ҷинояти коррупсионӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ