Рӯзҳои оянда дар ағбаи Қамчиқ барф хоҳад борид


Хадамоти ҳавошиносии Ӯзбекистон рӯзҳои 12-13 ноябр бориши барфро дар ағбаи Қамчиқ пешбинӣ мекунад.
Гуфта мешавад, ки ин ду рӯз дар қисми роҳи мошингарди Тошканд-Ӯш дар ағбаи Қамчиқ барф меборад. Гоҳ-гоҳ бориши барф шиддат хоҳад гирифт.
Ҳамчунин ҳавои ағба туманолуд мешавад, бод ба суръати то 22 метр мевазад. Эҳтимоли ях бастани роҳи ағба вуҷуд дорад.
Албатта, бориши барф дар Қамчиқ ба ҳарорати ҳавои вилоятҳо низ таъсир хоҳад кард.
Худро эҳтиёт кунед!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ