Ӯ бармегардад!?Оё Ҳабиб Нурмагомедов, қаҳрамони UFC дар вазни сабук ба октагон бармегардад?


Алӣ Абдулазиз, менеҷери Ҳабиб дар сафҳаи худ навиштаи рамзнокро ҷойгир кард: “30-0”.
Ин рамз метавонад ишора ба бозгашти Ҳабиб бошад. Чунки, ӯ дар фаъолияти худ 29 бор рақобат карда ва боре ҳам мағлуб нашудааст, яъне натиҷаи шахсии ӯ 29-0 аст.
Ёдовар мешавем, Ҳабиб рӯзи 24 октябри соли ҷорӣ дар Абу-Дабӣ Ҷастин Гетҷиро дар раунди дувум мағлуб кард. Ӯ баъди ин рақобат эълон кард, ки фаъолияти худро ба поён расонд.
Дертар Дана Уайт, раиси UFC хабар дод, ки ҳанӯз бозгашти Ҳабиб ба фаъолияти худ имконпазир аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ