“Квота”-ҳо барои муҳоҷирони корӣ дар Русия хеле кам шуд


Бо дастури Михаил Мишустин, сарвазири Русия барои соли 2021 ба муҳоҷирони корӣ 39 325 бурсияи (квота) корӣ ҷудо карда шуд. Дар ин бора “Интерфакс” хабар дод.
Гуфта мешавад, ки шумори бурсияҳо нисбат ба соли 2020 аз се як ҳисса коҳиш ёфт. Соли гузашта ҳукумати Русия барои муҳоҷирони корӣ 60 720 бурсия ва ду сол пеш 83 480 бурсия ҷудо карда буд.
Вилояти Маскав 2500 бурсия, шаҳри Маскав 2000 бурсия ва Санкт-Петербург 1200 бурсия дарёфт кард. Вилоятҳои Белгород, Тула, Ростов ва диёри Ставропол ҳар кадом 1000 бурсия гирифтанд.
Бино ба маълумоти вазорати корҳои дохилии Русия, дар моҳи сентябр шумори солонаи муҳоҷирон 1,8 миллион нафар буд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия моҳи сентябри соли гузашта 2,3 миллион нафар буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ