Дар Ӯзбекистон содироти харбуза нисбати соли гузашта қариб ба 3 баробар афзудааст

Бино ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон 52,1 ҳазор тонна харбуза, ки қимати умумиаш 20,3 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад, экспорт шудааст. Дар ин бора Кумитаи давлатии статистикаи Ӯзбекистон маълумот дод. Харбузаҳои дар соли ҷорӣ расондашуда ба 17 давлати хориҷӣ расонда шуда, нисбати ҳамин даври соли гузашта ба 32 тонна, яъне қариб 3 баробар афзудааст. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ Ӯзбекистон ба Қазоқистон 19,1 ҳазор, ба Қирғизистон 17 ҳазор, ба Федератсияи Россия 6,2 ҳазор, ба Украина 3,9 ҳазор, ба Латвия 2,6 ҳазор тонна харбуза экспорт кард. Дар 9 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ вилояти Андиҷон 9,9 ҳазор, Ҷиззах 9,4 ҳазор, Фарғона 6,2 ҳазор, Наманган 5,5 ҳазор Сирдарё 5,3 ҳазор тонна ва дигар вилоятҳо камтар аз инҳо харбуза экспорт карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ