Занону духтарони рус ҳаққи дар никоҳи марди мусалмон даромаданро доранд, ба шарте, ки…

Идораи мусалмонҳои Русия бо содир кардани фатвое никоҳи мусалмонро бо занони пайрави динҳои дигар номумкин номид.
«Никоҳ бо пайравони динҳои дигар, аз ҷумла занону духтарони аҳли китоб (яҳудиҳову масеҳиҳо) дар ҳудуди Русия ғайри қобили қабул аст ва танҳо дар ҳолатҳои алоҳида танҳо бо қарори муайяни муфтии маҳаллӣ иҷозат дода мешавад, ки бояд ҳамаи шароити ҳар ҳолати мушаххасро баррасӣ кунад», — омадааст дар фатвои ин ниҳоди мусалмонони Русия.
Бино ба ин фатво, занону духтарон ҳаққи дар никоҳи марди мусалмон даромаданро доранд, ба шарте, ки агар «Худои ягонаро эътироф кунанд, Исову Муҳаммадро фиристодаи Худо донанд ва омодаи пайравӣ аз фармудаҳои Қуръон бошанд».
Профессори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав ё МГЛУ, исломшиноси рус Роман Силантев дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки аз чаҳор мазҳаби аҳли суннат танҳо мазҳаби ҳанафӣ иҷозаи издивоҷ бо аҳли китобро медиҳад.
«Маълум мешавад, ки ин фатвои Идораи рӯҳонии мусалмонони Русия хилофи мазҳабе аст, ки дар Русия пайравони зиёд дорад. Ҳамчунин ин талошест, ки ба чунин фатво хусусияти умумиисломӣ дода шавад ва ба ҳамин хотир ин фатво то ҳамон андоза ғайри қобили қабул аст, ки калисои православӣ аз номи ҳамаи масеҳиҳо изҳори назар кунад», — гуфт Роман Силантев.

pressa.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ