Прокурори калони прокуратураи вилояти Сурхондарё ва ронандаи ӯ дар садамаи нақлиётӣ дар ҷои ҳодиса вафот кард

Дар ин бора котиби матбуоти Прокуратураи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳаёт Шамсутдинов хабар дод

Ҳодиса 7 ноябр соати 21:30 дақиқа рух додааст.

Ронандаи прокуратураи вилояти Сурхондарё Ӯ. Каттаев бо мошини хидматӣ аз ноҳияи Тирмиз ба шаҳри Тирмиз ҳаракат мекард.

Мошин ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳи муҳофизатнашаванда дар пикети 9-уми километри 57-уми истгоҳи роҳи оҳани Тирмиз-Учқизил дар ноҳияи Тирмиз бо тепловози ҳаракаткунанда бархӯрд.

Дар натиҷаи садама Ӯ.Каттаев ва прокурори калони прокуратураи вилоят Б.Эргашев дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Инчунин, муовини прокурори вилоят Ҳ.Куллиев, ки дар курсии қафо қарор дошт, бо ҷароҳатҳо дар беморхона бистарӣ шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ