Шавкат Мирзиёев бо раисҷумҳури Қазоқистон сӯҳбати телефониро анҷом дод


Шавкат Мирзиёев ва Қосим Ҷомарт Тӯқаев, сарварони Ӯзбекистон ва Қазоқистон сӯҳбати телефониро анҷом доданд. Дар ин бора маркази матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар дод.
Тарафҳо дар ин мулоқот масъалаҳои муҳимми робитаи дуҷониба ва ҳамкории минтақавиро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, ки ба манофеъи ҳар ду кишвар ҷавоб медиҳад, баррасӣ шуданд.
Сарварони ду кишвар таъкид карданд, робитаҳои фаъол дар миёни вилоятҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва ҳамкориҳои фарҳангиву инсондӯстӣ минбаъд низ идома ёбанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ