Тамокукашӣ дар кӯчаҳои Туркия манъ карда шуд. Сабаб дар чист?

Тамокукашӣ дар кӯчаҳои серодам ва истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ аз 12 ноябр бо сабаби афзоиши сироятҳои коронавирус дар Туркия манъ карда шудааст. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.

Аввали моҳи сентябр вазири тандурустии Туркия Фахриддин Кожа гуфта буд, ки дар кишвар мавҷи дуввуми сироятҳои коронавирусӣ аз сар мегузарад. Он замон вазир афзоиши шумораи беморонро ба он рабт дод, ки истироҳаткунандагон чораҳои пешгирикунандаро риоя намекунанд. Иқтисоди кишвар ба сабаби пандемия ба сатҳи рекордӣ коҳиш ёфт.

Тибқи маълумоти охирин, шумораи гирифторони коронавирус дар Туркия аз оғози пандемия аз 400 000 гузаштааст ва зиёда аз 11000 нафар беморон қурбони COVID-19 шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ