Танзила Норбоева: Овозаҳо дар бораи ба худкушӣ даст задани Гулнора Каримова беасос аст


Танзила Норбоева, раиси Сенат имрӯз дар нишасти матбуотие, ки комиссияи масъалаҳои таъминсозии баробарии ҷинсиятӣ барпо кард, овозаҳо дар бора ба худкушӣ даст задани Гулнора Каримоваро беасос хонд.
Норбоева гуфт, ки ин хабарҳо овозае беш нестанд.
Умида Абдуллаева, полковники вазорати корҳои дохилӣ афзуд, “Худкушӣ кард гуфтан, ё дигар овозаҳо дар бораи ҳолатҳои манфӣ асос надоранд. Гулнора Каримова муҳлати таъиншудаи додгоҳро (суд) паси сар мекунад”.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр дар бораи бад шудани вазъи саломатии Гулнора Каримова, эҳтимоли мубталои коронавирус шудану дар бемористон бистарӣ шудани ӯ хабарҳо паҳн шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ