Ба Филиппини ҷабрдида аз тӯфонҳо бори дигар офати табиӣ омад


Тӯфони “Вамко” ин рӯзҳо дар Филиппин бедодӣ мекунад. Дар натиҷаи ин офати табиӣ барқрасонии муназзам ғайримумкин ва ҳамлу нақли умумӣ муваққатан қатъ шудааст.
Бино ба хабари ТАСС, ҳоло бандаргоҳҳову фурӯдгоҳҳои Филиппин низ кор намекунанд. Тӯфон дар Манила, пойтахти кишвар боиси баста шудани муассисаҳои давлатӣ гардид.
Беш аз 300 ҳазор аҳолии Филиппин ба ҷойҳои бехатар кӯч бастанд. Ҳанӯз дар бораи осебдидагон ва қурбониёни офат маълумоти муфассал дода нашудааст.“Вамко” 21-умин тӯфон аст, ки мардуми Филиппин соли ҷорӣ рӯбарӯ шуданд. Дар моҳи октябр тӯфони “Гони” дар ин кишвар боиси кушта шудани беш аз 25 нафар шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ