Мағлубияти Ҷамоаи миллии футболи Ӯзбекистон дар вохӯрии рафиқона

Дирӯз Ҷамоаи миллии футболи Ӯзбекистон дар бозии рафиқона ба Ҷамоаи миллии футболи Сурия ба ҳисоби 0:1 бой дод. Ҳисоб аз ин ҳам калон шуданаш мумкин буд. Дар дақиқаи 59-уми вохӯрӣ дарвозабони ҷамоаи Ӯзбекистон Ф.Неъматов («Насаф») пеналтиро баргардонд. Қайд кардан лозим, ки дарвозабони ҷавон Неъматов дарвозабони саввум шуд, ки дар таркиби ҷамоаи Ӯзбекистон пеналтиро баргардонидааст. То ин вақт Э.Суюнов 2 маротиба, П. Бугало 1 маротиба пеналтиро баргардониданд. Барои маълумот: ба дарвозаи Ҷамоаи миллии футболи Ӯзбекистон 28 маротиба пеналтӣ муайян шудааст. Аз ин 4-тоашро баргардонданд ва 5-тоаш ноаниқ рафтааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ