Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона ба ҷамоаҳои миллии арабӣ шуданд


Ҷамоаи миллии Ӯзбекистон рӯзи гузашта, 13 ноябр дар бозии дӯстона ба Сурия мағлуб шуд. Ин бозӣ, ки дар Шарҷа баргузор шуд, бо ном дӯстона, вале хеле башиддат буд. Дар ду қисми бозӣ аз ҳар тараф якнафарӣ корти сурх гирифтанд. Дар дақиқаи 11-ум Ҳоҷиакбар Алиҷонов ва дар дақиқаи 57-ум Юсуф ал-Ҳамвӣ майдонро тарк карданд.
Маҳмуд ал Мавас дар дақиқаи 48-ум голи ягонаи бозиро ба дарвозаи Ӯзбекистон ҷой кард. Ӯ баъди 10 дақиқа имкон дошт, ки голи дувуми худро дар табло сабт кунад. Аммо, Абдувоҳид Неъматов, дарвозабони мо зарбаи пеналтии ӯро қаҳрамонона баргардонд ва нагузошт, ки умед аз тағйири натиҷаи бозӣ аз байн равад. Аммо, дар ин шаб тӯб “нахост”, ки вориди дарвозаи Сурия шавад. Зарбаҳои Ҳоҷимат Эркинов ва Мурод Холмуҳаммедов дар дақиқаҳои охири бозӣ ба паҳлӯчӯбҳои дарвозаи Сурия бархӯрда ба майдон баргашт. Бозӣ бо натиҷаи 1-0 бо ғалабаи Сурия поён ёфт.
Ҷамоаи миллии Тоҷикистон шаби гузашта бо футболбозони Аморати муттаҳидаи араб рӯбарӯ шуд. Дар аввал тоҷикистониён паиҳам 2 бор меҳмононро бо голи худ ранҷонданд. Аммо АМА тавонист, раванди бозиро тағйир диҳад. Дар қисми дувуми бозӣ онҳо бо 2 гол натиҷаро баробар карданд ва дар дақиқаҳои иловагӣ голи пирӯзиро низ заданд.
Дар ин рӯз ҷамоаи миллии Эрон бо Босния ва Герсоговина дар меҳмонӣ бозӣ кард ва бо натиҷаи 2 бар 0 мезбононро шикаст дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ