Ман дар оиладорӣ хато накардаам

Имрӯз, 13-уми ноябр ҳокими шаҳри Каттақӯрғон, узви сенати Маҷлиси Олӣ Гавҳар Алимова дар бораи баробарии гендер ва ҳуқуқи зану духтарон, дар бинои ҳокимияти вилояти Самарқанд барои кормандони ахбороти оммавӣ ва блоггерҳо брифинг баргузор кард.
Ӯ таъкид, кард ки дар байни 190 давлати дунё парлумони Ӯзбекистон, ки кормандони занро дорад, ҷои 44-умро гирифтааст. То ҳол 2224 нафар занони фаол бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. 339 нафар духтарон бо Мукофоти давлатии ба номи Зулфия мукофотонида шуданд. 10 нафари онҳо дар ҳукумат, 30 нафар дар вазорату идораҳои гуногун, 70 нафар дар мақомоти давлатӣ кор мекунанд.
Гавҳар Алимова инчунин гуфт, ки духтарон бояд ба интихоби шавҳар эътибор диҳанд ва ба оиладор шудан бо ҷиддият нигоҳ кунанд.
“Ман дар оиладорӣ хато накардаам. Дар ҳар масъала шавҳари ман ба ман кӯмак кардааст ва манба орзуи худ расидаам” – гуфт ҳокими шаҳри Каттақӯрғон дар охири брифинг.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ