Олимон дар чанд сол ташаккул ёфтани Системаи офтобиро муайян карданд


Системаи офтобӣ дар 200 ҳазор сол ташаккул ёфтааст, ки барои коинот ин муддати хеле кӯтоҳ аст. Дар ин бора Science хабар дод.
Олимони озмоишгоҳи миллии Ливермор ҷараёни рушди дигар системаҳои ситорагонро, ки ба Системаи офтобӣ монанд аст, мушоҳида ва таркиби кимиёии метеоритҳоро таҳлил карданд.
Чунин назария вуҷуд дорад, ки дар ҷойи Системаи офтобӣ пеш абри бузурги газу ғубор қарор дошт. Тақрибан 4,5 миллиард сол фурӯпошие ба амал омад ва ситораи нав Офтоб дурахшид.
Моддаи қадимитарин ва сахттарини системаи офтобии мо, ки олимон таърихи онро муайян карданд, CAIs – пайванди алюминий ва калсий мебошад. Ҳаҷми ин модда аз микрометр то 1 сантиметр буда, дар ҳарорати +1000 дараҷа, зоҳиран дар назди Офтоби ҷавон шакл гирифтааст. Баъдан, ин модда аз назди Офтоб дур шуда ва дар ташаккули метеоритҳои хондритӣ иштирок кардааст.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки аксарияти моддаҳои CAIs 4,567 миллиард сол таърих доранд ва ҷараёни ташаккулёбии онҳо аз 40 000 то 200 000 сол вақт гирифтааст. Олимон ба хулоса омаданд, ки тамоми моддаҳои Системаи офтобӣ дар чунин муддат ҷараёни аккретсияро ба поён расондаанд. (Аккреция – ҷараёне, ки дар он моддаҳои осмонӣ бо қувваи ҷозиба қисмҳои навро ба худ мекашанд ва бузург мешаванд.)

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ