Боздиди 3000-умин…

Дӯстони азиз!
Мухлисони гиромиқадр!
Хушбахтист, ки шумораи 3000-умини “Овози Самарқанд” ҳамроҳу ҳамрози шумост.
Шумораи 3000-умин… Таърих ва тақдири сеҳазорумин мебошад… Ҳар боре, ки барои шумораи нав ба кор шурӯъ мекунем, гӯё ҳамчун дорбоз ба арғамчини санҷиш қадам мемонем. Вақте ки аз арғамчин гузашта ба дигар нуқта мерасем, каме оҳи сабук кашида, худро озодтар ҳис мекунем… Шумораи нави рӯзномаи дӯстдоштаамонро дида, боз мутолиа намуда, завқ мебарем. Ҳолати пешинаи дорбозӣ аллакай аз хаёл дур мешавад. Аммо мо медонем, ки ҳамеша дар байни ду чорчӯбае, ки арғамчин кашида шудааст, равуо дорем. Аз ин рӯ, кӯшиш мекунем то зирак, шуҷоатманд, нотарс ва эҳтиёткор бошем.
Чашмони мо ҳар як ҳарф ва ҳар як нуқтаву вергулҳои рӯзномаро як-як мебинад, месанҷад… Мо набояд ба хатоҳо роҳ диҳем, вале дар байни рӯзноманигорон чунин ақида низ ҳаст — “рӯзнома бехато намебарояд”. Ин ба он маънист, ки баъзе шумораи рӯзнома аз хатову камбудиҳо холӣ нест. Дар рӯзномае, ки рӯзҳои гуногун ва воқеаҳои таърихиву иҷтимоӣ навишта шудаанд, ё акс ёфтаанд, бешубҳа нақши ашки чашмони мухбирону муҳаррирону кормандонашро низ дидан мумкин аст. Дар варақҳои рӯзнома рӯҳи ҳамон давру замон ва одамон ба назар ҷилва мекунанд… Аз ин сабаб, рӯзномаи “Овози Самарқанд”-ро порчае аз таърихи мухтасари Самарқанду мамлакат гӯем, хато нахоҳем кард…
Соли 1990 бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд рӯзнома ба забони тоҷикӣ ташкил шуд. Аз байн сӣ сол гузашт! Агарчанде дар саҳни таърих ин рақам на он қадар бузург аст, вале дар ин мӯҳлат дигаргуниҳое ба миён омад, ки дар садсолаҳо иҷрои онҳо ғайриимкон буд. Бахусус, дар соҳаи матбуот.
Бояд қайд намоем, ки аз рӯзҳои аввали Истиқлол ва бозсозӣ дар Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон барои пойдории ҳаёти тинҷу осоиштаи сокинони диёрамон, ҳамзистии дӯстонаи намояндагони беш аз 130 миллатҳои маскуни кишварамон, тарбияи насли наврас дар рӯҳи анъанаҳои миллӣ ва фарохдилӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавияту маърифати аҳолӣ чорабиниҳои амиқ андеша мешаванд. Ин сиёсати оқилона то имрӯз идома дорад. Дар иҷрои ин корҳо нақши воситаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла рӯзномаи «Овози Самарқанд» назаррас аст. Зеро, мавҷудияти ин рӯзнома нишонаи барҷастаи фарохдиливу ҳамдӯстӣ ва посдории арзишҳои милливу умумбашарӣ мебошад. Воқеан, мо дар доираи фаъолияти худ то имрӯз кӯшиш мекунем, ки ғояҳои ҳамдӯстии халқҳо ва фарохдилиро байрақ намуда, барои ояндаи дурахшони фарзандонамон, барои беҳрӯзӣ ва пирӯзии Ватанамон хизмат намоем. Аз ин сабаб, ҳар ҷое ки меравем, ҳар маводеро, ки омодаи нашр мекунем, пеш аз ҳама бо айнаки дӯстӣ аз назар мегузаронем. Шукр, ки ин ҳама кӯшиши мо бесамар намондааст. Меҳнати кормандони рӯзнома бо ифтихорнома, орден ва медалҳо қадр карда шуданд. Бо ордени «Дӯстлик» мукофотонида шудани Ғафурҷон Маҳмудов (равонашон шод бод!), ғолиби ҷоизаи озмуни байналмилалии «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ») гардидани рӯзномаи «Овози Самарқанд» ва музаффарияти кормандон дар озмунҳои гуногун, бешубҳа асоси муваффақиятҳои рӯзномаву қадр гардидани меҳнати аҳли таҳририят аст.
Рӯзнома дар давоми сӣ сол ҳам сифатан, ҳам мазмунан ва ҳам аз ҷиҳати мундариҷаву ҳаҷм тағйир ёфт. Ҳоло он ҳафтае ду бор бо ҳаҷми А-2 рӯи чопро мебинад. Муваффақиятҳои рӯзнома мухлисонашро хурсанд мекунад.
Ҳайати таҳрири «Овози Самарқанд» аз он мамнунанд, ки рӯзнома дар оилаи ягонаи халқу миллатҳои Ватани азизамон, дар байни рӯзномаҳое, ки дар Ӯзбекистони соҳибис­тиқлол чоп мешаванд, овозу мавқеи ба худ хос дорад. Аз ҳар як ғамхориву имтиёзҳое, ки дар ҷумҳурият ба воситаҳои ахбори оммавӣ дода мешаванд, бархурдор аст. Бинобар ҳамин, аҳли рӯзнома аз рӯзҳои аввали таъсиси он барои иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошта, муташаккилона заҳмат мекашанд. Дар давоми ин солҳо кормандони рӯзнома – муҳаррирон, мухбирон, кормандони техникӣ барои аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа хубтар чоп шудани рӯзнома, зиёд шудани сафи муштариёни он саҳми арзанда гузоштанд ва мегузоранд.

…Вале ягон муваффақият аз ғоиб намеояд, тавре ки гулборон аз абри заҳмати боғбон мебошад. Барои то ба имрӯз чоп гардидану ба маъное аз нав тавлид шудани рӯзномаи мо садҳо адибону журналистон, олимону муаллимон заҳмат кашиданд. Пеши ҳамаи онҳо таъзим намуда, сипосгузории худро изҳор менамоем.
Аслан шараф аст, ки мо кори масъулиятноки устодонро идома медиҳем. Ин масъулият машшаққат ва ҷасоратро низ талаб мекунад. То ҳадди имкон кӯшиш мекунем, ки дар роҳи пасту баланди матбуот ин махзани маърифату фарҳангро ба насли оянда бегазанд расонем…Ростӣ ба хаёламон ҳам намеомад, ки рӯзе сардабири ин рӯзнома мешавему ин қадар даву тоз мекунем…
Ғайр аз машаққати рӯзномабарорӣ, мушкилоти обуна ҳам ҳаст. Шукр мегӯем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат эътибор ба нашрҳои чопӣ меафзояд. Маҳз бо ташаббус ва дастгирии ҳокимияти вилоят қариб 1000 нафар собиқадорони маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба рӯзномаи “Овози Самарқанд” бепул обуна карда шуданд. Инак, сол ба охир мерасад ва дар давоми сол таҳририяти рӯзнома, новобаста аз вазъияти иҷтимоӣ ҳар як шумораи рӯзномаро саривақтӣ ба муштариёни худ мерасонанд. Мутаассифона, дар давоми сол ғайр аз чанд нафари фидоиён, аққалан нафаре ёфт нашуд, ки барои ба рӯзнома обуна шудан ташаббус карда бошад. Бинобар ин, боз таҳририят рӯ ба муассиси худ овард ва ин амали хайр имсол низ идома меёбад.
Мардуми Самарқанд хабар доранд, ки имсол бо дастгирии муассиси рӯзнома — Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилоят, маҳз бо ташаббуси ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов 30-солагии рӯзномаи «Овози Самарқанд» васеъ ҷашн гирифта шуд. Аллакай, барои соли 2021 590 нафар бепул ба рӯзнома обуна карда шуданд.
Инак, имрӯз мо гувоҳи боз як воқеаи таърихӣ шудем: шумораи 3000-умини рӯзномаи дӯстдоштаи мо ба дасти муштариён расид.
Тӯли солҳои гузашта рӯзномаи «Овози Самарқанд» барои мазмуну моҳияти қарорҳои оқилонаи роҳбарон ва ҳукумати Ӯзбекистонро ба мардум расонидан, баҳри саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурият пайваста кӯшиш кард.
Аз ғамхорӣ ва эътибори муассис ва ҳукумати кишвар аҳли эҷоди рӯзнома хурсанд гардида, ҳаракат мекунанд, ки беш аз пеш кору эҷод карда, барои гулгулшукуфоӣ ва пешрафти мамлакатамон саҳми арзанда гузоранд.
Дар ниҳояти сухан орзу дорем, ки овоз ва овозаи “Овози Самарқанд” боз ҳам танинандозтар гардад. Шумораи муштариёни газета афзуда, дидани чопи даҳҳазорумин шумораи он ба мухлисону муштариён ва аҳли рӯзнома насиб кунад.

Баҳодур РАҲМОНОВ, сармуҳаррири рӯзнома, доктори илмҳои фалсафа доир ба фалсафа

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ