Ҳамдилу ҳамрози мо

Аз он ифтихор дорам, ки дар ноҳияи мо обуначиёни «Овози Самарқанд» бисёр мебошанд. Аз ҳамин сабаб дар саҳифаҳои рӯзнома аз ҳаёти ҳаррӯзаи ноҳияи мо хабарҳо мунтазам рӯи чопро мебинад. Ман қаблан ҳам ин рӯзномаро мехондам.
Вале баъде, ки ҳокими ноҳияи Самарқанд таъин гардидаам, мухлиси доимии рӯзнома шуда, ҳар як маводи онро бо таваҷҷӯҳи хосса аз назар мегузаронам. Мамнунам, ки доир ба фаъолияти ибратбахши деҳқону боғбон, тадбиркору чорводорон гузоришу лавҳаҳо чоп мешавад. Аз рӯи рейтинг ноҳияи мо дар қатори пешқадамон ҷой гирифт. Фикр мекунам, ки дар ин комёбӣ хизмати хабарнигорони «Овози Самарқанд» низ кам нест.
Чанде пеш фаҳмидам, ки шумораи сеҳазорумин ба дасти чоп мерасад. Илоҳо рӯзнома ҳамеша ҳамдилу ҳамрози мо бошад.

Носир МАВЛОНОВ, ҳокими ноҳияи Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ