«Овози Самарқанд» – тарғибгари дӯстӣ

Ислоҳоте, ки ба ташаккули симои нави Ӯзбекистони ҷонаҷонамон нигаронида шудааст, бо суръат давом дорад. Дар ҳама соҳаҳо шаффофият ва ошкороӣ таъмин карда мешаванд. Азбаски имрӯз ба фаъолияти идора ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар асоси натиҷаҳои мулоқот бо халқ, ҳалли мушкилоти мардум баҳо дода мешавад, дар ҳаёти мо аҳамияти воситаҳои ахбори оммавӣ, хусусан матбуот рӯз аз рӯз меафзояд.
Аз нуқтаи назари мазкур суханони Президентамон «Мардуми мо аз меҳнати фидокоронаи шумо – аҳли матбуот барои пойдор намудани арзишҳои демократӣ дар ҷомеаи мо, таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи иттилоот, пешниҳоди саривақтӣ ва дақиқи иттилоотӣ дар бораи равандҳо ва рӯйдодҳои иҷтимоию сиёсӣ дар ҷаҳону кишвар, хуб огоҳанд ва қадр мекунанд», – бесабаб гуфта нашудааст.
Рӯзномаву маҷаллаҳо – оинаи ҷомеа, манбаи боэътимоде, ки воқеиятро дар асоси далелҳои равшан, бо рангҳои дурахшон ва равишҳои таҳлилӣ акс мекунад. Аз ин ҷиҳат бешубҳа, рӯзномаи «Овози Самарқанд» садо ва ҷойи худро дорад.
Ин нашрия, ки бо муассисии Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд ва ҳокимияти вилоят аз чоп мебарояд, қариб 30 сол аст, ки дар кишвари мо барои таблиғи васеи ғояҳои созиши байни миллатҳо, фарохдилӣ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ саҳми сазовор мегузорад. Дар саҳифаҳои он тарзи ба худ хоси зиндагии мардуми Сайқали рӯйи замин – Самарқанд, рӯҳияи замон, сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавию маърифатии давлати мо, фикру андеша, мақсаду умеди газетхонон бо ибораҳои содда ва самимона инъикос ёфтааст.
Одамоне, ки маводҳои дар жанрҳои гуногун, мавзӯъҳои шавқовару ҷолиб навиштаро мутолиа мекунанд, доимо аз хабарҳои маҳалли зист, муҳити он, рӯҳияти одамон, тағйироте, ки рӯй медиҳанд ва навсозиҳо огоҳ мешаванд. Онҳо дар раванди ислоҳот бо андеша, ғоя ва ташаббуси худ ширкат меварзанд. Дар ниҳоят, муҳити маънавӣ дар ин минтақа устувор ва солим аст, майл ба ошкорбаёнӣ ва шаффофият, хоҳиши зиёд кардани шаффофияти муносибатҳои иҷтимоӣ бақувват мебошад.
Ба ҳайати эҷодии «Овози Самарқанд», ки имсол 30-солагии рӯзнома ва аз нашр баромадани 3000-умин шумораро таҷлил мекунанд, дар ин кори пуршараф ва масъулиятнок рӯҳбаландӣ ва пирӯзиҳои нав таманно дорем.

Ӯткир РАҲМАТОВ, сармуҳаррири рӯзномаҳои «Халқ сӯзи» ва «Народное слово»

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ