Масъулияти боварӣ

Дар мамлакатамон мавқеъ ва аҳамияти воситаҳои ахбори оммавӣ дар бунёдсозии давлати ҳуқуқии демок­ратӣ, ҷамъияти озоди шаҳрвандӣ, ташаккули шуур ва ҷаҳонбинии мардумамон ниҳоят калон аст. Зеро ҳаёти ҳамарӯзаро бе матбуот, радио ва телевизион тасаввур карда намешавад.
Аз ҳамин ҷиҳат, рӯзномаи ҳокимияти вилоят ва Шӯрои намояндагони халқи вилоят – «Овози Самарқанд» ҳамчун оинаи иҷтимоӣ-­иқтисодӣ, маънавӣ-­маърифӣ, мадании вилоят, минбари озоди шаҳрвандон хизмат карда истодааст. Муҳимаш, рӯзнома дар олами матбуоти Ӯзбекистон соҳиби обрӯ ва мавқеи худ мебошад. Хурсандиовараш ҳамин, ки ин обрӯ, ин мавқеъ дар ҳоли вобастагии мус­таҳкам бо ҳаёти мамлакат ва халқамон сол то сол афзуда, ривоҷ меёбад. Бинобар ин, рӯзнома оинаи равшани ҳаёт, ситораи роҳнамои тараққиёт, ҳамчунин, қайроқи чархдиҳандаи қалами журналистони ҷавон мебошад.
Имрӯз шумораи сеҳазоруми рӯзномаи «Овози Самарқанд» баромад. Рӯзнома соли 1990 ташкил ёфта бошад, дар давоми даври гузашта дар ин ҷо авлоди даҳҳо журналистон-­эҷодкорон ба камол расиданд. Имрӯз дар бораи онҳо дуру дароз гап задан мумкин. Хусусан, номҳои Норқул Остонзода, Акбар Усмонов, Ғафурҷон Маҳмудов, Озод Хидировро бо ҳурмат, эҳтироми алоҳида ба забон меорем. Дар давоми солҳои гузашта дар «Овози Самарқанд» садҳо мақола, очерк, мақолаҳои танқидӣ, ҳикоя ва ҳаҷвияҳо чоп шуданд. Имрӯз ҳам ин анъанаро таҳти роҳбарии сармуҳаррир Баҳодур Раҳмонов журналистони ботаҷриба Тошқул Азимов, Бахтиёр Ҷумъаев, Фаридун Юлдошев идома медиҳанд.
Дар ҳақиқат, рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар даврҳои минбаъда низ бо солномаи ба худ хоси ҳаёти мамлакат гардидан кифоя намекунад. Вай вазифаи мактаби калони эҷодиро низ ба ҷо меорад.
Ғамхории устодонаи «Овози Самарқанд» ба аҳли қалам бағоят ибратбахш аст. Дар даври гузашта рӯзнома дар саҳифаҳои худ ба эҷодкорон эътибори алоҳида дода, онҳоро эҳтиёткорона парвариш намуд, ба халқу мамлакат шиносонид. Ана аз ҳамин сабаб ҳам, ҳоло даҳҳо шоиру нависандагони номдор, ки дар қалби китобхонҳо ҷой гирифтаанд, номи рӯзномаи «Овози Самарқанд»-ро бо ҳурмати зиёд ба забон меоранд. Вақте ки дар бораи рӯзнома сухан меравад, аз забони онҳо гӯё асал мерезад.
Касби журналистика ҷиҳатҳои машаққатнок низ дорад. Ин касб доимо ҳозирҷавобӣ, фидокорӣ, масъулияти баландро талаб мекунад. Дар баробари ин, мухбир ба таври мунтазам бояд болои худ кор кунад, таҷриба ва малакаашро афзояд. Имрӯз дар ҷамоаи эҷодии рӯзномаи «Овози Самарқанд» доир ба ин мавзӯъ корҳои муайян амалӣ мешаванд.
Гап, ки дар бораи шумораи сеҳазорумини рӯзнома мерафтааст, ин санаи ҷашнист. Ҷашн бошад, даври фахрнамоӣ ва сарҳисоб, дар баробари ин, мавриди ба оянда назар афкандан мебошад. Ҷамоаи рӯзнома бо ба ҳисоб гирифтани ин ҳоло дар оғӯши орзуҳои калон, нақшаҳои нав ба нав қарор доранд. Барои мустаҳкамнамоии ғояи «Ӯзбекистони нав – ҷаҳонбинии нав», боз беҳтар гардондани ҳаёти мамлакат ва халқ ҷоннисорона хизмат мекунанд. Дар амалисозии ин орзуҳои наҷиб ва нақшаҳои нек ба ҷамоаи тифоқи таҳририят зафарҳои нав мехоҳам. Ҷамоаро бо шумораи ҷашнии 3000-ум самимона муборакбод менамоям ва қаламатон ҳаргиз кунд нашавад мегӯям.

Манноб ИБОДУЛЛОЕВ, сардори Садорати ахборот ва коммуникатсияҳои оммавии вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ