Гавҳари дили дарё.


Ба нашри шумораи рақами 1-уми «Овози Самарқанд» 30 сол пур шуд. З0 сол барои таърих давраи на чандон калон аст. Аммо ин давр барои ҳайати эҷодии рўзнома давраи пурмасъулияту ҷўяндагии фидокорона ва худшиносиву худогоҳӣ мебошад. Таи ин солҳо дар идораи нашрия рўзноманигорони заҳматкашу пуркор ва масъулиятшинос иҷрои вазифа намуданд, ки дар таҳияи хушсифати ҳар як шумораи он кўшишу ҷонфишониҳо мекарданд. Яке аз ҳамин гуна фарзандони асили Самарқанди биҳиштосо санъатшиноси варзида, рўзноманигори ҳозирҷавобу пуркор, адиби хушбаён Ҳазрат Сабоҳӣ мебошад, ки бо тақозои сарнавишт аз соли 1994 то соли 2000 дар вазифаҳои котиби масъул, ҷонишини сармуҳаррир адои хидмат намудааст.
Бешак, ин солҳо барои Ҳазрат Сабоҳӣ давраи бобаракати эҷодӣ буд. Ў маҳз дар ин давр ба адабиёт, сарнавишти шоиру нависандагон, ҳодисаҳои муҳити адабии зодгоҳи хеш дилсўзу ҳимоятгар будани хешро ба хонандагони рўзнома бештар ва хубтар зоҳир намуд. Баробари навиштани мақолаҳои пурмўҳтаво маҷмўаҳои шеърии шоирони хушбаён Нормурод Каримзода, Хоҷа, Шаҳзода Назарова, Шакар Деҳқон ва дигаронро барои табъу нашр омода намуд, барои донишомӯзони синфҳои 2, 3 ва 4-уми мактабҳои тоҷикӣ «Китоби хониш»-ро тартиб дод, ки то имрўз дар истифодаи шогирдон аст. Ашъори муҳоҷиршоирон Хубии Самарқандӣ «Авроқи носўхта» ва Вофии Самарқандӣ «Армуғон»-ро бо хати кириллӣ ва форсӣ тадвину нашр намуд, ки намояндагони адабиёти гузашта буданд. Дар саҳифаҳои рўзнома «Панднома»-и Шайхулислом Абўмансури Мотурудӣ ва «Самария»-и Абўтоҳирхўҷаи Самарқандиро чоп намуд, хонандагони рўзномаро бо шеъру қитъаҳои таърихии масҷиду мадрасаҳои Самарқанди бостон ошно кард, ки тўҳфаҳои гаронбаҳо барои хонандагони рўзномаи дўстдошта буданд ва дар ин навишта имкон намерасад, ки сари ҳамаи ин қабил асарҳо ва хидматҳои шоистаи ў баҳс кунем.
Танҳо лозим донистем дар бораи як хидмати ў – таҳияи панду ҳикматҳои Мотурудӣ, ки дар якчанд шумораи рўзнома ба табъ расида буданд, чанд сухан гўем.
Бояд гуфт, ки дар адабиёти хаттӣ андарз (ин истилоҳ аслан маънои панду насиҳат ва ҳикматро дорад) навъи адабиест, ки таърихи беш аз 2500-соларо дорост. Дар асрҳои III-V мелодӣ дар Эрони қадим он воситаи асосии таълим буд. Андарзҳои зиёди Эрони қадим, аз қабили «Андарзи Бахтофарид», «Андарзи Бузургмеҳр», «Андарзи Ҷамшед» ва дигарҳо дар рўзгори маънавии мардум нуфузи зиёд доштанд. Онҳо то имрўз ҳамчун дастури хирадмандонаи ахлоқи ҳамида ва одоби писандида арзиши маънавии худро гум накардаанд.
«Панднома»-и Абўмансури Мотурудӣ ҳам суннати ба наср мураттаб гардидани панду андарзҳоро устувор карда, аз ҷиҳати таркибу мўҳтавиёт боиси диққат аст. Намунае чанд аз он: «Ба бухлу фасод фахр макун; Танро дар дарёи орзуҳо ғарқ макун; Нон ба сифлаву баддин мадеҳ; Бо меҳмон такаллуф маварз; Қарини бадро ба хона роҳ мадеҳ; Аз худ бехабар намон; Тўша аз таҷриба соз; Лаззати умр дар сўҳбати некон шумор; Аз дарвешӣ эмин бош»…
Чунонки ба мулоҳиза мерасад, ин ҷо панду насиҳат ва андарзҳо бидуни ҳеҷ гуна обуранги бадеӣ баён шуда, арзиши маънавӣ ва нерӯи эҳсосӣ пайдо кардаанд: «Ба гузаштаву шикас­таву рехта афсўс махўр; Бо ҳама кас ба оштӣ бош; Аз моли дуздида қисмат маситон; Ҷавони мастро панд мадеҳ; Рози хеш аз душману дўст пинҳон дор; Роздоронро ба вақти хашм озмой; Тамаъ бибуру хуш бизӣ; Ба зиёрати некони зиндаву мурда бирав»…
Маълум аст, ки ҳадафи ҳамаи панду андарзҳо парвардани ахлоқи шоиста, ташвиқи фалсафаи зиндагӣ ва дар ниҳояти кор тарбия намудану ба воя расондани инсонҳои бофарҳанги комил аст. Имом Мотурудӣ низ ин ҷо ба тарзи адо аҳамият дода, матлабу мақсади хешро ҷолибу ҷозиб баён кардааст: «Аз замона ибрат гир; Ҳунар ба хорӣ ба даст ор, то азиз шавӣ; Балоро ба садақа дафъ кун»…
Ҳамин тавр, олими хушсалиқа Ҳазрат Сабоҳӣ устуворгардонанда ва ривоҷдиҳандаи беҳамтои суннати андарзнависӣ ва пандгўй будани Абўмансури Мотурудиро собит намудааст, ки бешак чопи онҳо дар саҳифаҳои рўзнома аз ҳадяҳои беҳтарин ба хонандагони арҷманд аст. Он солҳо ҳусну қубҳи ҳар шумораро хайрхоҳона таҳлил мекард, ба ҳамкорон маслиҳатҳои муфид медоду нисбат ба онҳо самимиву ғамхор буд.

– Имрўзҳо касоне, ки даъвои шоириву носирӣ мекунанд, бисёр шудаанд. Онҳо беибо навиштаҳои хомашонро китоб мекунанд. Аммо набояд фаромўш кард, ки шоирию адибӣ як навъ пайғамбарист. Сухани асилро қадр бояд кард. Аз ин боис, адибтарошӣ аслан беадабӣ аст, – бо таассуф мегӯяд Ҳазрат Сабоҳӣ.
Ҳазрат Сабоҳӣ аз аввалин қадамҳояш ба майдони адабиёт ва санъат собит намудааст, ки дар ин арса каси раҳгузар нест. Зеро ў дар хонаводаи марди соҳибэҳтироми фарҳангдўст Маматқул Саидов ба дунё омадааст, ки баъзан шеър мегуфт. Ин аст, ки меҳру ихлос ба илму эҷоди бадеӣ барояш меросист. Ба ин маънӣ, Бедили мутафаккир барҳақ гуфтааст:
Обрў зотист, Бедил, варна монанди гуҳар,
Мўҳраи гил ҳам тавонад дар дили дарё нишаст.
Ҳанўз соли 1966 биниши амиқ ва моҳиятҷў ўро баъди хатми мактаби ҳамагонии собиқ рақами 10-и ноҳияи Самарқанд ба Душанбешаҳр мебарад. Дар шўъбаи журналистии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, аз устодони маъруф Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табаров, Баҳриддин Камолиддинов, Мукаррама Қосимова асрори сухан меомўзад. Соли 1971 онро хатм намуда, дар рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (имрўза «Ҷавонони Тоҷикистон») адои хизмат мекунаду дар равнақи матбуоти даврӣ саҳм мегузорад. Баъди хатми аспирантура соли 1980 дар Донишкадаи санъатшиносии Русия рисолаи номзадии худро таҳти унвони «Адабиёти тоҷик дар пардаи синамо» дифоъ менамояд. Вай то имрўз мақолаҳои зиёди илмиро дар маҷмўаҳо ва маҷаллаҳои Тоҷикис­тону Ўзбекистон, Русияву Украина, Литваю Эрон ба табъ расондааст. Муаллифи китобҳои «Таҷассуми кинематографии осори С. Айнӣ» (1979), «Адабиёти тоҷик дар пардаи синамо» (ба забони русӣ, 1987), «Симоҳои ҷовид» (1996) ва дигарҳо мебошад.
Ҳарчанд дар доираи як мақолаи кўчак наметавон ҳамаи паҳлўҳои пажўҳишгарӣ, мунаққидӣ, адибӣ, тарҷумонӣ ва рўзноманигории ин фидоии илму фарҳангро фаро гирифт, мо бар онем, ки фарзанди асили Самарқанд солҳост, ки миёни аҳли илму адаб бо фарохии назар, покизакориву ҷўяндагӣ ва дилсўзи фарҳангу маънавият будан маъруфу мукаррам аст. Ўро мардум дар қатори санъатшиносони маъруф, аз қабили ҳампешагони хоксораш Низом Нурҷонов, Атохон Аҳроров, Мардон Шарофов ва дигарон эҳтирому қадршиносӣ менамоянд.
Ҳазрат Сабоҳӣ сиришти поки инсонӣ ва қариҳаи волои ҳунарӣ дорад. Ў тамоми рўзгори бобаракати хешро вақфи илми санъашиносии тоҷик дошта, дар пешрафту равнақи бемайлон ва шўҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани он саҳми муносиб гузоштааст. Хонандаи закӣ идрок мекунад, ки агар саҳифаҳои мақолот ва кутуби пурмўҳтавои ин олими пуркорро варақгардон намоем, муаллиф дар таснифоташ кўшиши зиёд ба харҷ додааст, ки бисёр масъалаҳои мубрам ва мушкили ин соҳаро ҳаллу баррасӣ намояд. Ин ҷо басанда аст тадқиқоти «Шоҳнома» дар осори ҳунар» (Самарқанд, «Суғдиён», 1998) ва «Кушониён – давлати фаромўшшудаи тоҷикон», ки дар арафаи чоп аст, номбар кунем.
Муҳаққиқ ҳангоми баррасии мавзўъи «Шоҳнома» дар осори ҳунар хоксору камтарин аст. Аз ин ҷост, ки дар пешгуфтори рисола барҳақ гуфтааст: «Камина даъвии ба таври ҳамаҷониба фаро гирифтани тамоми осори ҳунариро, ки дар заминаи «Шоҳнома» ё дар иртиботи мавзўи он офарида шудааст, надорам. Ва дар аснои таълифи китоб низ чунин ҳадаф надоштем, зеро фаро гирифтани тамоми осори ҳунарӣ аз гузашта то имрўз ва мавриди баррасӣ қарор додани он дар як рисола имкон надорад ва ин кори як нафар нест».
Ба вуҷуди ин, дар китоб деворнигораҳо, осори пайкаратарошӣ, рассомӣ ва театриву синамоиро, ки ба андешаи муҳаққиқ, мавриди таҳқиқ қарор нагирифта буданд, барои баррасӣ дақиқкорона баргузида шудааст.Ҳамин тавр, тадқиқоти илмии ў хусусияти масъ­алагузорӣ, назарӣ ва тафсирӣ доранд, ки ин махсусияти сабки олимии ўст. Ў дониши сареҳ ва комил аз адабиёти гузашта ва муосири тоҷику форс дорад, ки ин ҳам аз китобҳояш равшан ба мушоҳида мерасанд.
Ҳазрат Сабоҳӣ аз оғоз то ба имрўз дар баҳо додан ба ҳодисаҳои адабӣ ва эҷодиёти қаламкашон олими ҳақгўст. Аҳли илм баҳсҳои софдилонаашро роҷеъ ба бозтоби маънии Самарқанд, Афросиёб, Мотуруд хуб дар ёд доранд. Маҳаки шинохти ў дар ин баҳсҳо фақат ҳақиқат, ҳақиқати рўзгор буду ҳаст.

Ў хайрхоҳу ояндабин аст. Фарди худогоҳу худшинос, миллатдўсту ватанпарвар ҳасту ҳамин тавр боқӣ хоҳад монд. Аз ин боис, ба эҷоди бадеӣ низ аз ҳамин равзана нигоҳ мекунад. Хонандагони хурдсолу наврасон китобҳои ҳикояҳои таърихиашро аз рўзгори родмардони Суғду Бохтар бо завқу шавқ мутолиа менамоянд. Зиндадил аст. Ў дар бадали умри азизаш то ҷое, ки ман медонам, мўреро бесабаб озор надодааст. Беозору камтарин, меҳрубону сўҳбаторо аст. Аз кибру ҳасад дур, самимиву одамияташ баланд аст. Гўё ганҷи зери хокро мемонад. Бале, гавҳари дили дарёст ў.
Ба таъбири Одамушшуаро Рўдакӣ тавсифи қаламфарсое ба қаламкаши дигаре ҳаргиз монанд набувад:
Гарчи бикўшанд шоирони замона.
Мадҳи касеро касе нагўяд монанд.
Аз ин боис, то қадри тавон баъзе сифату хидматҳои мавсуфро рўи коғаз овардем. Имрўзҳо Ҳазрат Сабоҳӣ якҷоя бо ҳамсари азизу меҳрубонаш, адибаи хушзавқ Маҳбуба Неъматзода фарзандони солеҳу илмдўстро ба камол расонида, дуогўйи 10 нафар набераҳои аз якдигар ширинтар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ