«Муаллиф»-и китоби сеҳазорҷилда

Қариб сӣ сол боз Лола Раҳимӣ дар идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳамчун ҳуруфчини дақиқназар адои вазифа мекунад.
Ӯ аслан орзу дошт, ки муаллимаи фанни физика шавад…
Агар талабгор ҳаст
Боғимайдон – сарзаминест, ки мардумаш аз азал дилбастаи илму дониш, адабиёту фарҳанг ҳастанд. Лола Раҳимӣ низ дар ҳамин муҳити адабпарвар ба камол расид. Ӯ пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 25-уми зодгоҳ ҳуҷҷатҳояшро ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд супурд. Аз имтиҳони нахустин сарбаландона гузашт. Аммо дар санҷиши дуюм, ки муаллим гоҳ ба ӯву гоҳ ба рӯйхати паси миз менигарист, баҳои ғайриқаноатбахш гузошт.
Аз байн чанд рӯз гузашту духтари холаи Лола – Дилфуза Набиева омада, таклиф кард, ки ҳар ду ба омӯзишгоҳи касбиву техникии назди Садорати ахборот коммуникатсияҳои оммавии вилоят дохил шаванд, котиба – чопгар ва стенографист хоҳанд шуд. Бо дипломи омӯзишгоҳ дар ягон идора кор кардан мумкин аст. Холабачаҳо аз забони русӣ диктант навишта, ба сафи донишомғзон қабул шуданд. Алиса Ивановна асрори дар мошинка чоп кардан ва ба тарзи стенографӣ навиштанро ёд дод.Ҳунаромӯзон барои таҷриба ба матбааи Самарқанд рафтанд. Дар бинои сеқабатаи мӯҳташам коргарон дар паси дастгоҳи пурқудрат истода, рӯзнома ва ҳар гуна плакату афишаҳоро чоп мекарданд. Бо қӯрғошим ҳуруф чидан хеле аҷиб буд. Роҳбалад Алиса Ивановна гуфт, ки дар оянда фаъолияти меҳнатии онҳо бо ин корхона вобаста хоҳад шуд.
Дар арафаи дипломгирии Лола мухбири рӯзномаи навтаъсиси «Овози Самарқанд» Раҳматулло Шарифзода омада аз директори омӯзишгоҳ пурсид, ки оё дар байни ҳунаромӯзон хатмкунандагони мактабҳои тоҷикӣ ҳастанд?!
Сарвари таълимгоҳ ҳуҷҷатҳои талабаҳоро варақ зада, иттилоъ дод, ки ғайр аз Лола Раҳимӣ дигар ҳеҷ кас нест. Ходими редаксия бо ӯ шинос шуд ва мақсади ташрифи худро гуфт.
Хатмкунандаи омӯзишгоҳ дипломро гирифта ба идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» омад ва аз он дар тааҷҷуб шуд, ки дар ин ҷо ягон нафар аз ҷисми латиф нестанд. Духтараки шармину боҳаё аз кор рӯ тофт. Аз байн чанд муддат гузашту собиқ муаллими математикаи мактабаш Тошқул Азимзода, ки ҳамчун ходими адабӣ ба идораи рӯзномаи мазкур ба кор омада буд, бо супориши муҳаррир ба шогирдаш хабар дод, ки ҳоло чанд нафар зан-­духтарон дар рӯзнома фаъолият доранд. Лола бо насиҳату маслиҳати модараш Зӯҳро хола назди сардабир омад. Сармуҳаррир Нор Остонзода хурсанд шуда, зуд барои қабул ба кор фармон дод.
Он солҳо тамоми маводи рӯзнома тавассути мошинкаҳои русуми «Янтарь», «Украина» чоп мешуд. Ходими ҷавону чаққон дар як рӯз то 30–40 саҳифа дастнависи ходимону мухбирони ҷамоатиро чоп мекард. Гоҳо аз таҳриру қалам задани мудири шӯъбаҳо, ҷонишини муҳарриру котиби масъули рӯзнома матни коғазҳо ба «лолазор» табдил меёфт. Лола Насимовнаи вазифашинос як оҳи бадард мекашиду хомӯш аз нав бо ислоҳи хатоҳо машғул мегашт.
Воқеан, рӯзномаи навтаъсис на танҳо дар бораи гузару рустои тоҷикнишини вилоят, инчунин берун аз қаламрави Самарқанд маҳбубияту нуфузи хосса дошт. Бинобар ҳамин, барои бехато чоп шудани нашрияи тоҷикӣ саҳми на танҳо мусаҳҳеҳ, масъулиятшиносиву таҷрибаи Лола Раҳимӣ низ хеле калон буд.
– Агар чопгар дар баробари кормандони эҷодӣ саводи кофӣ дошта бошад, – гуфт собиқ сармуҳаррири нашрия Озод Ҳамидзода, – рӯзнома сари вақт чоп мешавад ва ба дасти мухлисон мерасад. Ман шоҳидам, ки борҳо бо шарофати Лола ойтӣ саҳву хатоҳои имлоӣ ва услубӣ ҳангоми чопи матн саривақтӣ ислоҳ гардидаанд. Зеро ин ходими масъулиятшинос хеле бисёр мутолиа мекунад ва луғату фарҳанги имлои забони тоҷикиро варақ мезанад. Охир рӯзнома на фақат сарчашмаи иттилоъ ва ғизои маънавӣ, балки манбаи омӯзиш ва тарғибу эъзози забони модарӣ буда, тоза, бидуни савҳу хатоҳои имлоӣ ба муштариён дастрас гардидани он вазифа ва маданияти касбии ходимон аст. Лола Насимовна, фахри ҷамоа мебошад.

– Ин зани хоксору росткор, ҳамзамон ҷиддиву бебок кӯмаки беғаразонаи хешро дареғ намедорад, – гуфт котиби масъул Фаридуни Фарҳодзод. – Дар тӯли фаъолияти қариб си сола ба бисёр навкорон асрори чопи маводро омӯхтааст. Боре ҳисоб карда ба хулосае омадам, ки дар тӯли кори худ он қадар мавод чоп кардаанд, ки бешубҳа ҳаҷми се ҳазор ҷилд китоб аст.
– Бузургон насиҳат кардаанд, ки ҳар чӣ бар коғаз навишта ояд, беҳтар аз коғаз бувад, – мегӯяд Лола Раҳимова. – Ман бо тақозои касб ба ҷои ибораи «коғаз» «рӯзнома» гуфтани ҳастам. Гарчанд камина физик нашуда бошам ҳам, лирик шудам. Ҳоло компутер меҳнати пурзаҳмати моро сабук кард. Аксарияти ходимон иншои хешро мустақилона чоп мекунанд, ки аз ин кори ман сабуктар шуд. Акнун дар вақти бекорӣ худ каму беш бо эҷод машғулам. Қариб дар ҳар як шумора бо имзои камина матолибе чоп мешавад.
– Лолабону, хабардорам, ки шогирдони бисёр доред. Шумо чӣ тавр дили онҳоро ба ин касб гарм мекунед?
– Байти пандомезе ҳаст:
«Зи осонӣ наояд шодкомӣ,
Зи беранҷӣ наояд пешкомӣ»
Модоме, ки рӯсурхии одам аз кор аст, ҳар кӣ бошад қарини аҳли ҳунар, зиёд ёбад ба ҳар мурод зафар. Аз ин боис ба шогирдонам Дилноза, Азиза, Мавлуда, Нигора, Маъмура ва дигарон таъкид мекунам, ки бо сабру таҳаммул ҳунар омӯзанд.
Хушбахтона Президентамон ба кормандони матбуот назару эътибори калон доданд. Борҳо дар анҷумани бошукӯҳи кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат варзида, бо «Ифтихорнома» ва тӯҳфаҳо сарфароз гардидам. Ман хеле хурсандам, ки аз паси касби оддӣ ва хоксоронаи худ ҳам бахту ҳам тахт ёфтам. Хулоса, касбамро дӯст медорам ва хоҳам дошт.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ