Дар Тоҷикистон баландтарин нерӯгоҳи офтобии ҷаҳонро сохтанд


Дар шаҳраки Мурғоби Тоҷикистон баландтарин нерӯгоҳи офтобӣ дар ҷаҳон сохта шуд. Қувваи ин нерӯгоҳ 220 кВт мебошад. Дар ин бора сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ин калонтарин нерӯгоҳи офтобии Тоҷикистон ва баландтарин нерӯгоҳ аз сатҳи баҳр дар саросари ҷаҳон аст.
Баъди ба истифода супурда шудани нерӯгоҳи офтобӣ, дар Мурғобб беш аз 6 ҳазор нафар аҳолӣ бо нерӯи барқ таъмин шуданд.
Ёдовар мешавем, Мурғоб минтақаи баландтарин аз сатҳи дарё дар Тоҷикистон мебошад. Аҳолии Мурғоб дар баландии 3 600 метр зиндагӣ мекунанд.
Лоиҳаи сохтусози нерӯгоҳи офтобии Мурғобо бо ҳамкории “Помир Энерҷи” ва USAID амалӣ шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ