Аз байни се филми Ӯзбекистон якеро барои пешниҳод ба “Оскар” интихоб мекунанд


Як асари филмсозони Ӯзбекистон барои ҷоизаи беҳтарин филми байналмилалии “Оскар-93” пешниҳод мешавад. Дар ин бора маркази матбуотии агентии миллии “Ӯзбекистон” хабар дод.
Барои пешниҳод ба беҳтарин ҷоизаи соҳаи филмсозӣ як аз ин се филм – “Ибрат”-и Ҷаҳонгир Қосимов, “Хобҳои беранг”-и Аюб Шаҳобиддинов ва “Ду ҳазор суруди Фарида”-и Ёлқин Тӯйчиев интихоб мегардад.
Маросими ҷоизасупории “Оскар” рӯзи 25 апрели 2021 дар кинотеатри Dolby дар Лос-Анҷелес баргузор мешавад. Филми номзад аз Ӯзбекистон барои ҷоиза рӯзи 20 ноябри соли ҷорӣ эълон мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ