Назаре ба як рӯзи кормандони таҳририят…ё худ журналистон дар давоми рӯз бо чӣ кор машғул мегарданд?

Ҳоло одаме нест, ки ба даст рӯзнома нагирифта бошад. Аксари писару духтарон айёми мактабхонӣ мехоҳанд дар телевизион барномаҳо таҳия намуда, баромад кунанд, мақолаҳояшон дар рӯзномаҳо чоп гардад. Барои онҳо тарзи ҳаёт ва фаъолияти кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ мароқангез аст. Бинобар ин, мо ба фаъолияти кормандони таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд», ки номи аксари онҳоро муштариён танҳо дар газета хондаанд, хостем як назар андозем. Ҷиҳатҳои ба худ хоси омодасозии мақолаҳо, мушкилоти саҳифабандӣ, меҳнати кормандони эҷодӣ ва техникии таҳририятро зимнан аз назар гузаронем.
Фаъолияти ҳама гуна корхона ва ташкилот аввало ба сарвар вобаста мебошад. Агар роҳбар беғам, бемасъулият ва ноӯҳдабаро бошад, камбудиҳо зиёд мешаванд, худ аз худ корхона касод мегардад. Вақте фаъолияти рӯзномаи «Овози Самарқанд»-ро баррасӣ менамоем, дақиқназарона таҳлил мекунем, дастоварду бохтҳояшро аз назар гузаронем, аён мегардад, ки солҳои охир кори таҳририят пешрав будааст.
Ба даст овардани ҷоизаи озмуни байналмилалии XIII миллии «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ»), таҳти рукни «Аз китобхонаи «Овози Самарқанд» чоп гардидани 5 дона китоб, комилан нав кардани пойгоҳи моддиву техникии таҳририят, бошукӯҳ таҷлил гардидани 30-юмин солгарди таъсиси рӯзномаи «Овози Самарқанд» ва як қатор комёбиҳои дигар мисоли барҷастаи ин пешравиҳост.
Вақте ки фаъолияти сармуҳаррири рӯзнома Баҳодур Раҳмоновро дар як рӯзи корӣ зимнан мушоҳида менамоем, аён мегардад, ки ҳамарӯза дар асоси нақшаи муайян кор пеш мебаранд. Ҳар рӯз баробари мутолиа, таҳрир ва аз назар гузаронидани мақолаҳои мухбирон, аз кормандон ташаббуси нав, лоиҳа ва нақшаҳои самарабахшро интизор мешаванд.
Дар мавриди кор аз пешниҳодҳои бемантиқ, беасос ва бесамар канораҷӯӣ намуда, натиҷаи ниҳоии корро, ояндаи онро дурбинона андешида, фаъолият мебаранд. Дар ҳар як ҷамъомад, ки миёни кормандон ҳазломез «анҷуман» зикр мегардад, ҳамеша масъалаҳои муҳим доир ба беҳсозии фаъолияти рӯзнома, хубтар кардани салоҳияти иқтисодии таҳририят, омодасозии мақолаҳои таҳлилӣ ва танқидӣ, пешниҳоди ташаббусҳои нав, афзунсозии шумораи хонандагони рӯзнома, таҳияи барномаҳои ҷолиб баррасӣ карда мешаванд.
Барои ҳалли чунин масъала ва супоришот ҷонишини сармуҳаррир Тошқул Азимов ӯҳдадор мегарданд ва дар асоси иҷрои вазифаҳо кор пеш меравад. Ин марди ҳалиму хоксор, гарчанд ба сурат солхӯрдаанд, то ҳол сирати ҷавон доранд, завқашон барои омӯхтани технологияҳои замонавӣ, бахусус, компутер ва телефон беандоза мебошад. Алҳол истифодаи телефонро то ҳадде омӯхтанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол ҳастанд. Гоҳ чунон саргарми телефон мешаванд, ки таҳрир ва мутолиаи мақолаҳоро фаромӯш мекунанд. Як одати аҷиб доранд: ҳангоми таҳрири мақола, нафаре китоб ё матолиби дигаре биёрад, кори худро як тараф монда, масъалаи ӯро мешунаванд ва маслиҳати худро дареғ намедоранд.
Котиботи рӯзномаро ба коргоҳи коғазбарорӣ шабоҳат додан мумкин аст. Ҳамеша рӯйи миз пур аз матолибу мақолаҳо аст. Бо вуҷуди кӯшиш барои озода нигоҳ доштани мизи корӣ, ҳамеша болои он аз матолиби гуногуни хонандагон ва кормандон пур мешавад.
Яке аз мухбирони ботаҷрибаи таҳририят Бахтиёри Ҷумъа ҳамеша саргарми навиштан ё мутолиа мебошанд. Албатта барои нӯшидани як финҷон кофе ҳам вақт меёбанд. Ҳаҷвияҳои намакин ва латифаҳои мароқангезашонро хонда, кас дар бораи кӣ ва барои чӣ гуфтани онро ба хубӣ дарк мекунад.
Мухбири шӯъбаи кишоварзии таҳририят Ҷамшед Обидов, ки бештар таҳти тахаллуси «Пурасрор» мақолаҳо менависанд, воқеан пурасроранд. Бештар доир ба хусусиятҳои шифобахши мева ва растаниҳои гуногун матолиби диққатангез тайёр мекунанд.
Худ марди содаву самимӣ мебошанд. Шояд аз ҳамин сабаб мақолаҳояшон низ самимияти ба худ хосро дорад. Аз субҳ ба кор омада, то шом пайваста як ғамро мехӯранд: иҷрои сатри муқаррарӣ! Мехоҳанд сатри таъинотиро саривақтӣ иҷро кунанд ва дар ҷамъомад тири ҳадафи танқид нагарданд.
Яке аз кормандон Фозил Шукуров рӯзҳои саҳифабандии рӯзнома, агар навбатдор набошанд ҳам, саҳифаҳоро як-­як аз назар гузаронида, бо ручкаи сурх хатоҳоро ишора мекунанд.

Вақте ки ороишгари рӯзнома Сироҷ Раҷабов саҳифаи «лолазор»-ро дида, бо зарофат мегӯянд:
– Магар ин саҳифаро Фозил муаллим хонданд Ҳар як мақоларо дақиқназарона мутолиа мекунанд, ки ягон хато аз назарашон дур намемонад.
Агар дар саҳифаҳо бештар хато маълум гардад, димоғсӯхта шудани Сироҷ ака ҳам аниқ аст. Боз як чизе, ки ин саҳифабанди моҳирро димоғсӯхтатар мекунад, иваз намудани ҷой ва аз саҳифа афтодани мақолаҳо мебошад.
Корманди дигари таҳририят Наврӯз Бобоаҳмадовро ба арчаи сарсабз монанд кардан мумкин аст. Хоҳ «гармо» бошаду хоҳ «сармо» ҳамеша якранг ҳастанд. Ҳеҷ гуна ҳолат ва вазъият, ба кайфияти эшон таъсир намерасонад. Нигоҳи кунҷков доранд ва камбудиҳои гирду атроф, муаммоҳои глобалиро ба хубӣ дарк намуда, бештар дар чунин мавзӯъҳо мақола менависанд.
Ҳар як давлат аз рӯйи тамоили «аввал иқтисод, баъд сиёсат» кор мебарад. Ин усули корӣ дар корхонаву ташкилотҳо низ дар амал аст. Сармуҳосиби таҳририят Қудрат Тӯраев аз ҳама «нозукӣ»-ҳои соҳаи буғалтерӣ бохабаранд.
Ҳуруфчин ва кассири корхона Лола Раҳимоваро шогирди муносиби сармуҳосиб гуфта метавонем. Чунки ҳар рӯз кори худро аз ҳисоб кардани маблағҳои реклама ва эълонҳо сар мекунанд. Ҷиҳати шоёни эътирофи фаъолияти Лола Раҳимова дар он аст, ки масъулиятшиносанд ва эҳтиёткоранд.
Дар ин самт, яъне бобати эҳтиёткорӣ, кордонӣ, ӯҳдабароӣ ва ташаббускорӣ, корманди дигари корхона, мудири шӯъбаи реклама Дамир Нуровро низ мисол овардан мумкин аст. Ҳама кори худро дар асоси риоя ба меъёрҳои корбарӣ иҷро мекунанд. Дамир Нуров аз зумраи «акаҷони ҳамакора, ҳама кораш нимкора» не. Гарчанде серкоранд, ҳама корашон пурра аст.
Якҷоя бо корманди ҷамоатии таҳририят Давир Кенҷаев пайваста барои беҳсозии шароити иқтисодии таҳририят мекӯшанд. Ба корхонаву ташкилотҳо сар халонда, табрику рекламаҳо мебиёранд. Аҳли кормандон ба фаъолияти шӯъбаи реклама беэътибор нестанд. Чунки даромади иловагӣ бештар шавад, мукофотпулии рӯзноманигорон низ таъин мегардад.
Котибаи корхона Мавлуда Шарипова аз ҷумлаи серкортарин кормандони таҳририят мебошад. Ғайр аз таҳияи ҳуҷҷатҳои расмӣ-­коргузорӣ, дар шабакаҳо фаъолияти саҳифаҳои иҷтимоии рӯзномаро низ пеш мебарад. Ба қавле 24 соат «онлайн». Яъне, саргарми кор мебошанд.
Инак, дар фасли тирамоҳ ба гурӯҳи эҷодии таҳририят ду нафар корманди ҷавон – Шаҳзод Кенҷаев ва Фирӯз Абдумӯминов ҳамроҳ шуданд. Аз ин ҷавонон умеди аҳли таҳририят калон аст ва бовар дорем, ки онҳо ин орзуи ҷамоаи эҷодиро бар бод намедиҳанд. Ба кор тирамоҳ омада бошанд ҳам, ба таҳририят боз як баҳоре меоранд.
Бояд гуфт, ки барои кори босамар ва пурмаҳсули кормандон, албатта озодагии гирду атроф, тоза будани утоқҳои корӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар ин самт хизмати корманди ширинсухану хуштабиати таҳририят Сафия Нарзиева шоёни эътироф мебошад. Субҳ ба идора омада, нахуст дари ҳамаи утоқҳоро мекушоянд, то файзи рӯзи нав ба ҳар яки онҳо дарояд. Сипас, аз як сар, ҳар як кабинетро тоза карда, ба гулҳо об медиҳанд.
Дар ҳар манзилу макон, масъалаи оромиву осоиштагӣ аҳамияти муҳим дорад. Ҷойе, ки тинҷ нест, дар он ҷо кор бесамар мешавад ва фаъолияти кормандон низ халалдор мегардад. Барои таъмини тинҷиву осоиштагии идора посбон Азамат Ҷумъаев масъул аст. Гарчанд ҷавон аст, масъулиятшинос мебошад ва ҳамеша дар ҳар гуна кори ҷисмонӣ ба кормандон ёрӣ мерасонад.
Дар оғози мақола таъкид кардем, ки имрӯз рӯзнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст. Албатта, дар ин самт низ, як гурӯҳ кормандон заҳмат мекашанд. Яке аз онҳо мухбири ҷамоатии таҳририят Умед Фарҳодзода мебошад. Инак, қариб ду сол аст, ки Умедҷон бо хабарҳои тару тозаи худ «чорбоғи интернетӣ»-и рӯзномаро шодоб мегардонанд.
Тавре «камоли ҳамнишин манро асар кард», мегӯянд, аллакай муҳити таҳририят ба Умед Фарҳодзода таъсири мусбӣ расондааст. Ҳоло, Умед Фарҳодзода, ғайр аз ахбори муҳиму ҷолиби кишвар ва хориҷа, мақолаҳои таҳлиливу танқидиро низ рӯйи коғаз оварда, ба рӯзнома тақдим мекунанд. Умед дорем, ки қалами Умед Фарҳодзода дар оянда боз ҳам бурротар мегардад ва миёни аҳли эҷод, бахусус, рӯзноманигорон чун мухбири бебок, далер ва ҳақиқатгӯву ҳақиқатнигор ном мебароранд.

Як ташаббус ва иқдоми муҳиме, ки таҳти сарварии сармуҳаррири рӯзнома Баҳодур Раҳмонов ба роҳ монда шуд, пахши мунтазами барномаҳои гуногун дар саҳифаҳои иҷтимоии рӯзнома мебошад. Имрӯз муштариёни рӯзнома ғайр аз мутолиаи матолиби ҷолиби «Овози Самарқанд», дар гурӯҳҳои он барномаҳои шавқоварро низ тамошо мекунанд. Барномаҳои «Саодати дӯстӣ», «Суханварони Самарқанд», «Атри сухан», «Смартфони афсонахон», «Дастони моҳир», «Дар хона бимонед ва аз таронаи мо баҳарманд шавед», «Панди бузургон», инчунин, барномаи иттилоотии «Гулчини ахбор» аз ин ҷумлаанд. Қаламбадастони таҳририяти рӯзнома ҳама бо қалам кор карда одат кардаанд. Бинобар ин, барои омодасозии чунин барномаҳои рангоранги фарҳангӣ, ахборӣ ва фароғатӣ журналистоне чун Фаррух Йӯлдошев, Дилрабо Назарова, ки собиқаи чандсолаи корӣ дар самти телевизион доранд, ҷалб карда шуданд. Қариб як сол мешавад, ки муштариёни рӯзнома, аз Самарқанд ва гӯшаву канори ҷаҳон бо ин мухбирони рӯзнома зимнан шинос ҳастанд.
Аз тамошои барномаҳои фарҳангии «Суханварони Самарқанд», «Саодати дӯстӣ», «Атри сухан», «Дар хона бимонед ва аз таронаи мо баҳарманд шавед», «Панди бузургон» ғизои маънавӣ бигиранд, тавассути барномаи «Гулчини ахбор» аз воқеоту ҳодисаҳои охирини ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ва ҷаҳон хабардор мешаванд.
Ғайр аз ин, бо ташаббуси ин мухбирони фаъол як қатор роликҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ низ омода мегарданд, ки аз тамошои онҳо хонандагон завқ мебаранд. Лаҳзаҳои фароғати хешро пурмазмун мегузаронанд.
Инчунин, бонуи меҳнатдӯст Гулшан Ҷалилова, ки дар ҳар кор ӯҳдабаро мебошанд ва дастони моҳир доранд, бо барномаи мароқангези бачагонаи худ «Дастони моҳир» соле мешавад, ки ба хурдтаракон сохтани бозичаҳои гуногун, ҳайвонот, растанӣ ва ашёи дигарро меомӯзанд. Аллакай бачаҳо соати дар гурӯҳ гузошта шудани ин барномаро хуб медонанд ва ҳамон дақиқаро интизор мешаванд. Аксари бачагон дар даст коғаз, қайчӣ, ҷадвал, қаламҳои ранга гирифта, баробари дар гурӯҳ гузошта шудани барнома, ба ҳаракати дастони ин бонуи ҳунар нигоҳ карда, бозичаҳо месозанд.
Албатта, фаъолияти таҳририятро бе мухбирони ҷамоатӣ, ки як гурӯҳи калони онҳо аз шумораи аввалини рӯзнома бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд, ҷавонони навқалам – шогирдони «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон»-и назди таҳририят, шореҳони сиёсӣ, иқтисодӣ ва варзишии рӯзнома, аз ҳама муҳимаш, мухлисону муштариёни «Овози Самарқанд» тасаввур кардан душвор аст.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ