Бузургтарин минтақаи озоди тиҷоратӣ дар ҷаҳон эҷод шуд


10 давлати Анҷумани кишварҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ ба сурати муштарак бо Чин, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Зеландияи Нав созишномаи ҷомеъи шарикии иқтисодии минтақаиро имзо карданд. Дар натиҷа бузургтарин минтақаи озоди тиҷоратӣ дар ҷаҳон эҷод шуд. Дар ин бора Евронюз хабар дод.
Дар ин минтақаи озоди тиҷоратӣ тақрибан 2 миллиарду 200 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳаҷми маҳсулоти нохолиси дохилии (МНД) ин минтақа 28 триллион доллар арзёбӣ шуд, ки ин беш аз 32 дарсади ҳаҷми МНД-и ҷаҳониро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки кишварҳои ташаббускор мунтазиранд, ки Ҳиндустон низ ба онҳо мепайвандад. Ҳиндустон дар раванди музокираҳо бобати таъсиси ин минтақаи озоди тиҷоратӣ иштирок мекард. Вале тарс аз таъсири манфии он ба иқтисоди кишвар боис шуд, ки ҳукумати Ҳиндустон аз музокираҳо хориҷ шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ