Дар Миср беш аз 100 саркофаги нав ва ҳайкалҳои тиллоӣ пайдо шуд


Олимони Миср беш аз 100 тобути махсус – саркофаг пайдо карданд, ки таърихи беш аз дунимҳазорсола доранд. Тобутҳо дар се қабр ҷамъ буданд, қабрҳо дар умқи 12-метрӣ пайдо шуданд. Тобутҳо хеле хуб ҳифз шудаанд.
Дар бисёре аз тобутҳо ҷасадҳои мӯмиёшуда ҷойгир ва баъзеи онҳо холӣ буданд. Ба назари олимон, дар наздикиҳои ин қабрҳо устоҳо аз чӯби маҳаллӣ саркофаг месохтанд. Агар устохона пайдо шавад, ин ҳамчун яке аз кашфиётҳои бузургтарину боарзиштарин дар таърихи мисршиносӣ сабт мешуд.
Бостоншиносони Миср тайи чанд моҳ аст, ки дар шаҳри қадимии Саккара дар фосилаи 16 километр ба сӯи ҷануб аз Эҳромҳо кофтуковҳоро идома доранд. Шаҳри Мемфис, ки пойтахти Мисри Қадим буд, низ дар ҳамин наздикиҳо ҷойгир буд. Олимон мегӯянд, ки то ҳол тақрибан 1 дарсади саркофагҳои Саккара кашф шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ