Ақрабаки сониягӯи таърих

Бори нахуст ман бо рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар овони мактабхониям ошно шуда будам. Он рӯзномаро бо шавқи кӯдакона ба даст мегирифтаму дар як нишаст онро аз сар то охир мехондам ва дар ман низ ҳисси чизе барои рӯзнома навиштан пайдо мешуд. Баъд борҳо ба идораи рӯзнома омада, бо ходимоне, ки барои рангоранг баромадани саҳифаҳои «Овози Самарқанд» хидмат мекарданд, шинос шудам.
Сипас шеърҳои ман дар ин рӯзнома бо сарсухани кӯтоҳ аз нашр баромад. Фикр мекунам, ки барои такмили эҷоди ҳар як шахси қаламкаш навиштаҷоти худро дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзнома дидан бахт аст. Рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба садҳо нависандаву шоирони навқалам ойинаи раҳнамо шудааст.
Ҳоло шумораи сеҳазорумини он аз чоп мебарояд. Рӯзнома сол аз сол шӯҳрат пайдо намуда, баробари нашрияҳои бонуфузи Ӯзбекистон фаъолияти худро идома медиҳад.
Варианти электронии он дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Колумбия, Тоҷикистон, Русия, Ирландия, Қирғизистон, Украина, Бритониёи Кабир, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Исроил, Туркия, Қазоқистон, Канада, Нидерланд, Латвия, Беларуссия, Шветсия ва дигар давлатҳо садҳо хонандагони худро дорад.
«Овози Самарқанд» минбари дӯстии халқҳо ва нишонаи барҷастаи эътибор ба халқу миллатҳои дигар дар Ӯзбекистон, дар таҳкими робитаи халқҳо, тараннуми рафоқат ва пайвандҳои таърихӣ, посдошти арзишҳои миллӣ, ривоҷи фарҳанг ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид ба мардуми тоҷикзабони Самарқанду ҷаҳон ва воқиф кардани онҳо аз тағйироту дигаргуниҳои сиёсӣ, дастовардҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданиятҳо камарбаста аст.
Файласуф, адиб ва сиёсатмадори Бритониёи Кабир Бертран Рассел: «Дар мактабҳои мо чизи аз ҳама муҳим – санъати хондани рӯзномаҳоро таълим намедиҳанд», гуфта буд. Дар ҳақиқат, агар рӯзномахонӣ санъат бошад, рӯзноманигорӣ дар гузашта муҳимтарин шуғл будааст ва баъд аз ин ҳам чунин мемонад. Аз ин ҷост, ки барои аз нашр баровардани рӯзномаҳову маҷаллаҳо устод Сад­риддин Айнӣ, Беҳбудиву Саидризо Ализода ва дигар маърифатпарварон беҳуда ҷонбозиҳо накарда будаанд. Барои рӯйи чопро дидани рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳам садҳо нафар фидокорӣ кардаанд. Дар ин бора мо метавонем аз китоби «Овози Самарқанд: дирӯз ва имрӯз» маълумоти муфассал пайдо намоем.
Кормандони рӯзномаи «Овози Самарқанд» аз шахсони бомаърифату шоиру нависандагони маъруф иборат буда, то ҳол дар ин ҷо як муҳити адабие ҳукмрон аст. Нависандагон Тошқул Азимзода, Бахтиёри Ҷумъа, Фаридуни Фарҳодзод, шоирон Фозили Шукурзод, Баҳодури Убайдуллоҳ ва дигарон барои ҳар як сафҳаи рӯзнома хидмат мекунанд. Шояд аз ин сабаб рӯзнома рӯз то рӯз хонандагони худро афзун мегардонад. Ба ман низ бахти баланде насиб гардид, ки дар қатори онҳо барои халқи худ тавассути ин рӯзнома хидмат намоям.
Ҳоло ҳар чизе, ки намедонам аз устодон меомӯзам ва ҳамеша дар пайи омӯзиши асрори журналистика мебошам. Ва тамоми дӯстонамро ба рӯзномахонӣ даъват менамоям, ки файласуфи олмонӣ Артур Шопенҳауэр гуфта буд: «Рӯзномаҳо – ақрабаки сониягӯии таърих аст.» Мо бо хондани рӯзномаҳо аз таъриху имрӯзу оянда огоҳ мешавем!

Шаҳзод КЕНҶАЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ