Uzbekistan Airways аз оғози декабр ба Дубай ҳафтае 5 бор парвозро анҷом медиҳад


Аз 1-уми декабри соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways ҳафтае 5 бор ба Дубай парвозро анҷом медиҳад. Дар ин бора маркази матбуотии ин ширкат хабар додааст.
Аз 1 декабри соли равон шаҳрвандон метавонанд рӯзҳои душанбе, чоршанбе, панҷшанбе, ҷумъа ва якшанбе ба Дубай парвоз кунанд.
Билети парвоз дар ин хатсайрро метавонед аз сайти Uzbekistan Airways, ё аз офисҳои ширкати ҳавопаймоӣ харид кунед.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ