Ба далели пандемия дар Эрон маҳдудиятҳои қатъӣ ҷорӣ мегардад


Аз 21 ноябри соли ҷорӣ дар Эрон маҳдудиятҳои қатъӣ ҷорӣ мешавад. Ин хабарро Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури ҷумҳурии исломӣ аз тариқи шабакаи телевизионӣ ба мардуми кишвар эълон кард.
Ба гуфтаи Рӯҳонӣ, маҳдудиятҳои қатъитарин дар Теҳрон ва дигар 100 шаҳру ноҳияи Эрон ҷорӣ мегардад.
Маҳдудиятҳо дар корхонаву донишгоҳҳо, мактабу марказҳои омӯзишӣ низ амал хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки дар Эрон беш аз 762 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Шумори қурбониён 41 ҳазору 493 нафар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ