Ӯзбекистон мехоҳад аз сари соли 2021 бо Афғонистон парвозҳои дуҷонибаро барқарор кунад


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон рӯзи 12 ноябр қарори “Дар бораи чораву тадбирҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон”-ро имо кард. Дар ин бора «Gazeta.uz» хабар дод.
Бино ба ин қарор, ширкатҳои Uzbekistan Airways ва Uzbekistan Airports дар моҳи ноябр бо ширкатҳои афғонистонии KamAir ва Ariana Afghan Airlines музокира баргузор хоҳад кард. аз моҳи январи соли 2021 дар миёни Тошканд ва Кобулу Мазори Шариф парвозҳои мустақимро барқарор кунад.
Ҳамчунин, дар қарор зудтар амалӣ кардани лоиҳаи сохтусози хатти интиқоли барқи “Сурхон-Пули Хумрӣ” (500 кВт) пешбинӣ шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ