Люис Ҳемилтон рекорди афсонаи “Формула-1” – Михаил Шумахерро такрор кард


Люис Ҳемилтон, узви ҷамоаи “Мерседес” пеш аз муддат қаҳрамони ҷаҳон дар мусобиқаи автомобилронии “Формула-1” дар соли 2020 шуд. Ӯ дар Гран-прии Туркия паллаи нахустинро касб кард. Дар ин бора ТАСС хабар дод.
Дар ҳоле, ки то поёни мавсим се марҳилаи дигар дар пеш аст, Ҳэмилтон 307 хол ҷамъ кард ва аз таъқибкунандаи наздиктарини худ – Валтерри Боттас ба ҳадде дур шуд, ки ин натиҷа ба ӯ қаҳрамониро таъмин мекунад.
Бо ин ҳол, Ҳэмилтон бори ҳафтум қаҳрамони “Формула-1” шуд. Ӯ бо ин натиҷа рекорди Михаил Шумахери афсонавиро такрор кард.
Ҳэмилтон солҳои 2008, 2014, 2015, 2017, 2018, 2019 ва 2020-ум қаҳрамон шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ