Майя Санду – нахустин раисҷумҳури зан дар таърихи Молдова


Майя Санду дар даври дувуми интихоботи раисҷумҳурӣ дар Молдова беш аз 54 дарсад овоз касб кард ва раисҷумҳури нави ин кишвар шуд. Дар ин бора комиссияи марказии интихоботи Молдова хабар дод.
Сарвазири собиқи Молдова ва роҳбари ҳизби “Амал ва ҳамбастагӣ” нахустин бонуест, ки дар таърихи ин кишвар раисҷумҳур шуд.
Бино ба хабари Газета.ру, дар даври дувуми интихобот 45,97 дарсади овоздиҳандагон ба Игор Додон, раисҷумҳури феълии Молдова овоз доданд.
Ёдовар мешавем, дар даври нахусти интихоботи раисҷумҳурии Молдова, ки рӯзи 1 ноябр баргузор шуд, ягон номзод ба қадри кофӣ овоз дарёфт накарда буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ