Ереван: 2371 нафар сарбози арман дар ҷанг кушта шуданд


Бино ба маълумоти охирини ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон, дар ҷанги Кӯҳистони Қаробоғ 2371 нафар – сарбозони артиш ва нерӯҳои ихтиёрӣ кушта шуданд. Дар ин бора Евронюз хабар дод.
Нафароне, ки наздикони худро гум кардаанд, барои муроҷиат ба вазорати мудофиа дар навбат меистанд. Ҳама медонад, ки эҳтимоли афзоиши шумори қурбониёни ҷанг вуҷуд дорад, вале, умедворанд, ки наздикони худро зинда меёбанд.
Озарбойҷон ҳанӯз шумори қурбониёни худро дар ҷанг маълум накардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ