Самарқанд яке аз вилоятҳои пешсаф дар истеҳсоли тухм аст


Бино ба маълумоти кумитаи давлатии омори (статистика) Ӯзбекистон, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон 5 миллиону 458,7 ҳазор дона тухм истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли тухм дар муқоиса бо ҳамин даври соли гузашта 100,8 дарсад афзоиш ёфт.
Самарқанд аз ҷиҳати истеҳсоли тухм дувумин вилояти кишварамон аст.
18 дарсади ҳаҷми умумии тухм дар вилояти Тошканд, 17,5 дарсад дар вилояти Самарқанд истеҳсол шудааст. Ҳамчунин, вилоятҳои Намангон ва Андиҷон низ аз вилоятҳои асосии истеҳсолкунандаи тухм мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ