Дар Қирғизистон 65 нафар барои иштирок дар интихоботи президентӣ ҳуҷҷат супориданд

Сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизисто Содир Ҷабборов барои иштирок дар интихоботи президенти ин кишвар номзадияшро пешниҳод кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти ҶҚ бо истинод ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Қирғизистон хабар медиҳад.
Хотиррасон мешавем, ки интихоботи президенти Қирғизистон 10-уми январи соли 2021 баргузор мешавад. Бино ба хабари Комисиияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Ҷабборов санадҳояшро 14-уми ноябр супурд. Вай номзади мустақил аст.
Тибқи Конститутсияи Қирғизистон, президент ва ё иҷрокунандаи вазифаи президент дар сурати тасмими иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ ваколатҳояшро бояд супорад.
Ҳамин тариқ, тавре агентии давлатии итиилоотии «Кабар» бо истинод ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар хабар медиҳад, даври аввали маъракаи интихоботтӣ — пешниҳоди номзадҳо ба вазифаи президенти Ҷумҳурии Қирғизистон анҷом пазируфт.
Ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 65 нафар ҷиҳатьи иштирок дар интихоботи президентӣ ҳуҷҷат супоридаанд, аз ин теъдод ду нафар – Б. Бакетаев ва Ҷ. Турғуналиев аризаҳояшонро пас гирифтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ