Дар Русия аз имрӯз боздид аз мақбараи Ленин манъ карда шуд

Дар Русия сар аз имрӯз боздид аз мақбара (мавзолей)-и Ленин дар Маскав ба далели паҳншавии коронавирус манъ карда шуд.
Хадамоти федеролии нигаҳбонии Русия иттилоъ додааст, ки “аз 17 ноябри соли 2020 бар асари вазъи шадиди беҳдоштӣ боздид аз Мақбараи Ленин маваққатан манъ карда мешавад”.
Пештар аз ин вазири фарҳанги Русия Олга Любимова фармоне содир карда буд, ки тибқи он осорхонаҳои федеролӣ, осорхона-мамнуъгоҳҳо ва созмонҳое, ки фаъолияти намоишдиҳӣ доранд, бояд кори худро аз 16 ноябр то 15 январи соли 2021 қатъ кунанд.
Мақбараи Ленин ормгоҳи ёдгории бунёдгузори давлати Шӯравӣ дар Майдони сурхи Девораҳои Кремлини Маскав аст, ки дар он аз соли 1924 ба ин сӯ пайкари Владимир Ленин дар як тобути шафоф нигаҳдорӣ мешавад ва яке аз ҷойҳои зиёративу серодами Маскав дониста мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ