Шумори аҳолии камбизоату қашшоқ дар ҷаҳон кам мешавад ё…

Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, ки пандемияи коронавирус, ихтилофҳо ва таъсири падидаҳои иқлим вазъи камбизоатиро дар сайёра тағйир медиҳанд.
Муаллифони гузориш навиштаанд, ки миқёси қашшоқӣ (камбизоатии ҳадди пасттарин) муддати қариб 25 сол мунтазам коҳиш ёфта, имсол бори нахуст дар ин давра рӯ ба афзоиш ниҳод.
“Дар бисёр мавридҳо ин ба мушкилоти ҷиддӣ — COVID-19, низоъу тағйирёбии иқлим вобаста аст, ки ҳамаи кишварҳо ба он дучор мешаванд, лекин пеш аз ҳама давлатҳое, ки шумори аҳолии камбизоаташон зиёд аст”, — омадааст дар гузориш.
Онҳо пешгӯйӣ кардаанд, ки нисбат ба соли 2019 соли 2020 афзоиши шумори аҳолии камбизоату қашшоқ дар ҷаҳон ба ҳадде назаррас хоҳад шуд, ки аз замони ба пайгирӣ оғоз намудани сатҳи камбизоатӣ дар миқёси ҷаҳон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба мушоҳида мерасад.
Гуфта мешавад, шумори аҳолии камбизоату қашшоқ дар давраи солҳои 1990 то 2017 аз 1,9 млрд нафар то ба 689 млн нафар коҳиш ёфт.
Дар давраи солҳои 1990 то 2015 сатҳи қашшоқӣ дар сайёра ҳар сол 1 банди фоизӣ кам мешуд, лекин дар давраи солҳои 2015 то 2017 сатҳи коҳиш камтар аз ним банди фоизӣ дар як солро ташкил медод.
Зикр мегардад, ки дар шароити ҳозира камбизоатӣ натанҳо аҳолии деҳоту машғули кор дар бахши кишоварзӣ, балки аҳолии шаҳрро, ки дар соҳаҳои гуногуни саноату хизмарасонӣ кор мекунанд, низ фаро гирифта метавонад.
Қаблан аввали моҳи октябр коршиносони Бонки ҷаҳонӣ чунин изҳори назар карданд, ки мушкилиҳои иқтисодии бар асари пандемия пайдошуда ба афзоиши сатҳи камбизоатӣ дар ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ боис мегарданд.
“Бо ҳисоби ҳадди камбизоатӣ 3,20 доллар дар як рӯз то 1,4 млн нафар дар сафи аҳолии камбизоат қарор гирифта метавонанд”, — пешгӯйӣ карданд онҳо.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ