“Зиндагии ҳалолро пеш гиред”, — мегӯяд туркманзани 120-сола

Истиқоматкунандаи вилояти Марии Туркманистон Аҷабсултон Ҳоҷиева имсол ба синни 120 даромад. Ӯ соли 1900 таваллуд ёфта, куҳансолтарин сокини кураи Замин ҳисоб меёбад. Вай дар ҷавонӣ бо фермерӣ, дӯзандагӣ ва молпоӣ машғул шуд. Шавҳараш Ҳоҷӣ барвақт аз беморӣ вафот кардааст.
Аҷабсултон солҳои вазнини ҷангро аз сар гузаронда, барои парвариши писари ягонааш Ато бо тамоми ҷидду ҷаҳд меҳнат кард ва ӯро ба воя расонид. Ҳоло Ато дар байни мардум шахси бообрӯ буда, бо ҳамсараш Тозагул зиндагии хушбахтона дорад.
А.Ҳоҷиеваи 120-сола мегӯяд, ки барои умри дароз дидан зиндагии ҳалолро пеш гирифта, аз меҳнати ҷисмонӣ нагурехтан ва дуруст хӯрок истеъмол намудан лозим.

  • Бисёртар сайр кунед, тартиби таомхӯриро назорат намоед, аз ҳама муҳимаш, дунёямон осоишта бошад, — мегӯяд ӯ. Писараш Ато ва келинаш ба ӯ 12 набера, 67 чабера ва 32 ҷабера ато карданд. Имсол ба ин шахси дарозумр медали ҷашнии “75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”-ро доданд.
    Мувофиқи маълумоти Википедиа шаҳрванди Япония Кейн Танака одами дарозумртарини сайёра дониста шуда, ба китоби рекордҳои Гиннес дохил гардида буд. Ҳоло Танака 117-сола буда, умед дорад, ки 120 сол умр бинад. Аз ӯ пештар шаҳрванди дигари Япония Тио Мияко дарозумртарин буд, ки соли 2018 дар 117-солагӣ фавтид. Ҳоло Япония ҳамчун мамлакати аз ҳама дарозумртаринони ҷаҳон шинохта шудааст. Дар ин ҷо расман аз ҳама зиёд дарозумрон ба қайд гирифта шудаанд.
    Таҳияи Ф.Шукуров
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ