Дар ҳар як ҳудуд хоҷагиҳои гулпарварӣ ташкил мегардад

Ҳайати кории вилояти Самарқанд иборат аз ҳокимони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони корхонаву ташкилотҳои гуногун таҳти роҳбарии ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба шаҳри Тошканд сафар карданд.
Дар доираи ташриф узви ҳайат фаъолияти боғҳои олами растаниҳои «Flowers Garden», «Green Park», Хиёбони адибон, Маҷмӯи варзишии бисёршохаи «Humo arena», маҷмӯаҳои «Ecobozor», «IT-Park», корхонаҳои истеҳсолӣ, самтҳои нави ҳаракати метроҳоро, ки солҳои охир мавриди истифодабарӣ супорида шудаанд, аз назар гузаронданд.
Намояндагони вилоят ба бунёдкориҳо дар шаҳри Тошканд ва раванди тағйиротҳо бевосита гувоҳ шуданд. Мутасаддиён ба салоҳияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳои шаҳри Тошканд эътибори алоҳида доданд.
Сафари хизматӣ самарабахш гузашт ва аъзои ҳайат ба таҷрибаҳои амалӣ соҳиб шуданд. Дар ҳар як шаҳру ноҳия ташкили «IT-Park» ва дар назди Садоратҳои ободонӣ хоҷагиҳои гулпарварӣ муқарар гардид.
Дар асоси таҷрибаҳое, ки дар рафти сафар ба даст омаданд, доир ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳудудҳои вилояти Самарқанд чорабиниҳои алоҳида таҳия гардида, дар амал татбиқ хоҳанд шуд.
Ин ҳамкории байни ҳокимиятҳои шаҳри Тошканд ва вилояти Самарқнад барои ҳар ду ҷониб муфид буда, барои корбарӣ даричаи имкониятҳои навро боз менамояд.

Хизмати матбуоти
ҳокимияти вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ