Дилсӯзи рӯзнома

Очерк
Рости гап, дар бораи дӯсти ҳамқаламу ҳамдил чизе навиштан кори аҷиб будааст. Гӯё ҳам сабук, ҳам душвор. Вале супориши муҳаррири рӯзнома такон бахшид. Беихтиёр ёдномаҳо, сӯҳбатҳои тӯлонӣ, ҳамкорӣ ва қадами нахустин ба арсаи матбуот бо ӯ пеши назарам ҷилвагар шуданд …
Меҳри аввал
Вай ҳанӯз ба мактаб нарафта ба китоб дил баст. Ин бесабаб набуд, албатта. Ҳар гоҳ бо модараш ба хонадони Қаҳҳор-тағобобояш мерафт, ӯро баъзан ҳангоми варақ задани китобҳои муқовааш латтапеч медид. Як дафъа аз тағобобояш пинҳонӣ китобҳои ӯро варақ зада ҳайрон шуд. Ҳуруфоташ дигар буд. Сипас пурсид, ки дар ин ҷо чиҳо навишта шудаанд?!
– О, ҷиянбача, ту ҳоло хурд ҳастӣ ва ба фаҳми он намеравӣ. Яке Қуръони карим, дуюмӣ Хоҷа Ҳофиз. Ҳуруфоташ арабӣ.
– Бобоҷон, ба ман ҳам арабиро ёд диҳед…
– Калон шуда мактабхон шав, ана баъд. Ҳозир рав, бо ҷӯрачаҳоят бозӣ кун.
Ӯ орзу кард, ки зудтар ба мактаб рафта, савод барорад, китоб хонад. Бо ҳамин ният аз хоҳараш Мастона ва падари бузургвораш, ки дар мактаби миёнаи рақами 8-и ноҳияи Самарқанд омӯзгор буд, бо исрор талаб мекард, ки бо «Алифбо» шинос намоянд.
Аз байн чанд муддат гузашту ниҳоят орзуяш ҷомаи амал пӯшид – вай мактабхон шуд. Муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Кубарро Узоқова толибилми хешро баъди савол-­ҷавоби кӯтоҳ бо чеҳраи кушод ба шогирдӣ гирифт. Мирсафо аз рӯзи нахуст бо шеърхонӣ ва озод хондани матн диққати омӯзгорро ба худ кашид.
Мирсафо дар синфи дуюм бо Рустам ном дӯсташ ба китобхонаи деҳаи Чоршанбе рафт, ки ягон асари аҷибро гирифта хонад. Вале китобдор ба онҳо нигариста, бо лабханд гуфт, ки шумоён ҳоло хурд, калон шавед, баъд ба шумо китоб медиҳам… Писаракони ба адабиёт дилбаста боз чанд бор дари китобхонаро кӯфтанд, вале мутаассифона тирашон хок хӯрд. Таътили тобистона фаро расид ва ҳарду боз ба китобхона омада, таваллою зорӣ мекарданд, ки китобдор китоб диҳад. Он рӯз директори мактаб Аҳмадҷон Валиев дар китобхона саргарми мутолиаи кадом як асар буд, ки мудира ба ӯ шикоятомез гуфт, ки ин ду писарчаҳо бо талаби худ ба дилаш задаанд.
Сарвари таълимгоҳ нисбати китобдӯстон ҳурмати хосса дошт. Вай аз онҳо пурсид, ки оё шумоён китоб хонда метавонед? Ҳар ду тасдиқомез сар ҷунбонданд. Аҳмадҷон Валиев аз рафча китоберо гирифта ба дасти Мирсафо дод. Ба тааҷҷуби директор ӯ бо овози баланд, гӯё дар анҷуман бошад, калимаҳоро як-­як бурро талаффузкунон чанд ҷумла хонд.
– Офарин! – ситоиш намуд директор, – хӯш, муаллиматон кист?
– Узоқова, – ҷавоб доду боз илова намуд, – муаллима таъин карданд, ки тобистон китоб хонем.
– Хоҳар, – сарвари таълимгоҳ ба китобдор муроҷиат кард, – ба инҳо китоб диҳед. Ман кафил!
Китобдор асари «Саргузашти Мюнхаузен» ва «Афсонаҳои халқи тоҷик»-ро ба мӯҳлати даҳ рӯз дод.
Аниси кунҷи танҳоӣ
Ҳар ду ҷӯра дар рӯзи муайяншуда боз ба китобхона омаданд. Мудира бо диққат, асарҳоро аз назар гузаронд ва варақ зада, кунҷковона мазмун пурсид. Хонандагон фавран ҷавоб дода, ӯро ба ҳайрат гузоштанд. Сипас, боз китобҳо гирифта, бо табъи болида ба дар рафтанд. Ошноӣ бо эҷодиёти адибу шоирони хушбаён устод Садриддин Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар, Маҳмуд Диёрӣ, Болта Ортиқов, Пӯлод Толис ва дигарон ба ӯ олам-­олам завқ мебахшид. Алалхусус шеърҳои Абдусалом Деҳотӣ ва Мирсаид Миршакар рангу бӯи махсусу таровате дошт, содда, самимӣ буданд ва онҳоро зуд аз ёд кардан мумкин буд, ки Мирсафо бо ихлоси тамом ба замини шеъру шоирӣ сари таъзим фуруд оварда, ҳатто худ қалам ба даст гирифт ва чанд мисраъ навишт. Аммо эҷодиёти худро аз атрофиён пинҳон медошт.
Соли 1966 дар синфи шашум таҳсил мегирифт, ки сарвари таълимгоҳ А. Валиев ҳамчун омӯзгори фанни забони модарӣ ва адабиёт ба дарс ворид шуд. Мирсафо дафтари машқи хешро пешкаши устод кард. Вай чизе нагуфт ва коғазҳои чорқатро ба ҷайбаш гузошт. Аз байн чанд рӯз гузашту ду-­се машқи ӯ дар газетаи деворӣ бо исму насабаш чоп гардид. Чанд нафар ҳамсинфонаш аз ин навид огоҳӣ ёфта, ӯро табрик карданд. Баъзеҳо ба ҷои номаш «шоир!» мегуфтанд, ки Мирсафо аз ин ҳам хурсанд мешуд, ҳам ба хиҷолат мемонд.

Интизорӣ… оҳ интизорӣ…
Он солҳо дар мактабҳои тоҷикии Самарқанд маҷаллаи «Машъал» ва «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») маҳбубият дошт. Қариб ҳар як талаба ба онҳо обуна шуда, гоҳ-гоҳ аз Самарқанд низ хату хабар ва намунаҳо аз эҷодиёти толибилмон интишор меёфтанд. Ана барои чӣ Мирсафо Камолӣ шеъри худро ба идораҳои нашрҳои мазкур ирсол намуд. Акнун бетоқатона интизорӣ хаткашон шуда, баробари расидани рӯзнома ба чор саҳифаи он дида дӯхта оҳи сард мекашид, ки ному насабаш нест. Пас аз қариб ду моҳ аз идораи «Пионери Тоҷикистон» мактуб расид. Мирсафо бо ҳаяҷон, саросема лифофаро кушод. Ходими редаксия навишта буд, ки дар шеър суханҳои тозаи шоирона нест. Муаллиф бояд бисёр қироат кунад ва сипас ба даст қалам гирад. Бо вуҷуди чоп нашудани шеъраш он ба муаллиф руҳи тоза бахшид. Хабари «Дар сари «қабри шоир» Пайрав Сулаймонӣ рафтани хонандагонро ба идораи маҷаллаи «Машъал» ирсол намуда, аз интизорӣ чӣ кор карданро намедонист.
Соли нави 1967 оғоз ёфт. Баъди таътили зимистона ҳама боз ба мактаб омаданд. Дар танаффуси калон дӯсташ Шаҳриёр аз куҷое дар даст маҷаллаи «Машъал» пайдо шуду долонро ба сараш бардошта фарёд зад:

  • Мирсафо, шодиёна деҳ, мақолаат чоп шудааст! Дар як нафас ҳангоматалабон онҳоро иҳота карда, қариб буд, ки маҷалларо талошкунон пора-пора кунанд. Ҳамин вақт занг танинандоз гашт ва ҳама вориди синф шуданд. Аммо доду ғирев паст нагардида ҳозирон мехостанд, ки аввалин шуда бо иншои ҳамсинфи худ шинос шаванд. Роҳбари синф Мӯъмин Усмонов аз зумраи он муаллимони ниҳоят ҷиддӣ, сахтгир буд, аммо талабаҳоро ғайричашмдошт ба оромӣ даъват кард ва маҷалларо ба даст гирифта бо овози баланд хонда дода гуфт, ки дигарон аз Мирсафо ибрат гиранд. Зеро бо навиштаи толибилми мактаб тамоми Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои тоҷикзабон шинос шуда, аз вуҷуд доштани деҳаи Чоршанбе огоҳ мешаванд. Мӯъмин Усмонов, ки аз математика сабақ медод, ба теъдоди маҷалла чашм давонда хабар дод, ки он қариб 50 ҳазор нусха чоп шудааст. Агар ҳар як шумораи нашри мазкурро 10 нафар мутолиа намоянд, ҷамъ 500 ҳазор кас мешавад. Ин обрӯи мактаби мо аст…

Воқеан, аз байн бисёр фурсат нагузаш­та Мирсафо Камолӣ мактубборон шуд. Хаткашон даста-­даста нома оварда ба дасти сарвари таълимгоҳ медод. Аксарият риштаи дӯстӣ бастанро пешниҳод менамуданд. Алалхусус Муҳаммад Абдурасулов бо исрор талаб кард, ки ҳатман ба Кӯлоб ташриф фармуда меҳмони хонадону мактаби ӯ шавад. Мирсафо таклифро қабул кард ва соли 1974 сӯи Кӯлоб парвоз намуд. Дар Кӯлоб ӯро чун меҳмони олимартаба қабул намуда, кӯлобиён доир ба Самарқанди бостонӣ пурсон мешуданд ва ба хонаҳояшон даъват менамуданд. Вай пас аз чанд рӯз ба Душанбешаҳр омад ва ба идораи «Машъал» сар халонд. Аллакай ӯро дар ин ҷо мешинохтанд. Чунки шеъру ҳикояҳои ӯ дар журнал чоп шуда буд. Ходими он Нозирҷон Боҳирӣ бо меҳмони самарқандӣ сӯҳбат ороста «Дидори дӯст» ном мақолаи ӯро таҳия намуда дар маҷалла чоп кард.
Ногуфта намонад, ки дертар дӯсти кӯлобии ӯ Муҳаммадӣ Абдурасулов ва Ёқубҷон Мамаҷонови исфарагӣ аз Тоҷикистон ба меҳмонӣ омаданд. Барои хотира ба сурат афтоданд ва бо ҷойҳои диққатангези шаҳр шинос шуданд.
Улфати дилсӯзи ман – хушнудии рӯзи ман
Соли 1967 ӯ синфи ҳаштро хатм карду барои идомаи таҳсил ба мактаби рақами 16-ӯми деҳаи Ӯрташайх омад. Вай аллакай ҳамчун навқалами умедбахш дар таълимгоҳи нав маҳбубият пайдо карда буд, ки аъзои маҳфили «Адабиётчиёни ҷавон» гардид. Роҳбари он шоир Бердӣ Ҳамроев буд. Сипас ҳамдеҳааш Саттор Аҳрорӣ бо ӯ шинос шуд ва назди худ хонд. Саттор Аҳрорӣ шахсе буд ниҳоят ҳалиму хоксор, дилёбу дарёдил. Кӯшиш ба харҷ медод, ки навшогирди худро аз олами шеъру шоирӣ хабардор созад. Аввало дафтари ашъори худро ҳадя намуд ва ба машқҳои Мирсафо қалам зада, вазн чист, қофия чист фаҳмонд. Албатта китоби «Санъати сухан»-и Тӯрақул Зеҳнӣ барои аз сиру асрори шоирӣ огоҳ шудан такон бахшид. Саттор Аҳрорӣ бештар дар мавзӯъи ишқу муҳаб­бат ва тарҷимаи ҳол эҷод мекарду аммо онҳо рӯи чопро намедиданд. Мирсафо чанд намунаи шеърҳои ӯзбекии ӯро дар идораи рӯзномаи «Шарқ тонги» (ҳоло «Гулобод тонги») оварда ба дасти Абдусалом Муҳаммадиев дод ва онҳо нашр гардиданд. Баъди ин воқеа ҳурмати ӯ ба шогирдаш бештар афзуд. Шояд аз ҳамин сабаб дар ситоиши Мирсафо Камолӣ чанд шеър навишт…
Мирсафо барои чоп кардани ашъори С. Аҳрорӣ кӯшиш намуд ва шеърҳои ӯ тез-­тез рӯйи чопро медиданд ва аз ин С. Аҳрорӣ рӯҳбаланд мешуд.
Одам ба умед зинда бошад
Мирсафо Камолӣ баъди хатми мактаби рақами 16-ӯми ноҳияи Самарқанд ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд супурд. Лек афсӯс, ки офтоби бахт ба сӯяш натофт. Ба деҳаи дурдасти Ҷартеппаи ноҳияи Ургут ба Шамсиамак ном ошпази самарқандӣ шогирд шуд. Ба ҷойи қалам ба даст асбобҳои хӯрокпазиро гирифт. Вақтҳои холӣ китоб хонд. Соли 1970 ба шӯъбаи ғоибонаи донишкадаи педагогии ба номи устод Садриддин Айнӣ дохил шуд. Вале ӯро ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд. Ду сол қарзи ҷавонмардии худро дар Иваново адо намуд. Пас аз хизмати ҳарбӣ боз таҳсил гирифт ва бо меҳнат машғул шуд. Дар омӯзишгоҳи касбӣ-­техникӣ касб омӯхт ва бо роҳхат чанд сол дар заводи чини Самарқанд чун рассом фаъолият бурд ва дар ин ҷо бахти худро ёфт. Бо Дилбар ном зебосанам дил бохта, ақди никоҳ баст. Сипас дар хоҷагии ҷамоатии «Гулистон» ҳамчун котиби ташкилоти комсомолӣ ва сардори звено фаъолият бурд. Солҳои 1974–1976 бо роҳхати муҳаррири рӯзномаи «Шарқ тонги» шодравон Насриддин Зайниев ба дорулфунуни коргар – ҷавонони назди рӯзномаҳои вилоятӣ дохил шуда, аз журналистони шинохта сабақ гирифт. Бо муҳаррири бахши тоҷикии радиошунавоии вилоят Нор Остонзода (равонаш шод бод!) ҳамкориро вусъат дод. Бо супориши ӯ хату хабар, гузоришу лавҳа, очерку мақолаҳо доир ба доғи рӯз навишт.
Соли 1980 ба сарвари ҷавонони хоҷагӣ ва звено барои рӯёндани ҳосили фаровон бо саёҳат ба Булғория бепул сарфароз карда шуд ва аз соли 1983 бо тавсияи ҳокими ноҳия Р. Абдуллоев мудири шӯъбаи корҳои хоҷагӣ таъин гардид.
Мукофоти амал
Бо талоши равшанфикрони маърифатпарвар рӯзномаи «Овози Самарқанд» рӯи чопро дид. Ин хушхабар зуд бол кушод. Мирсафо нусхаи нахустини онро ба даст гирифта ба абрӯяш молид. Охир ниҳоят ба забони модарӣ рӯзнома нашр ёфт, ки минбаъд минбари озоди тоҷикон ва ҳамрозу ҳамдили мардуми таҳҷоӣ шуд.
Рӯзе Мирсафо саргарми парвариши боғи назди идора буд, ки нобаҳангом котиб аз тиреза фарёд зада, назди худ хонд. Вай бо сад андеша вориди қабулхона шуд.
– Норқул Остонақулов занг зада гуфтанд, ки шумо таъҷилан наздашон равед, – иттилоъ дод ӯ, – гапи муҳим доштааст.
Мирсафо Камолӣ нисбат ба Нор Остонзода ҳурмату эҳтироми хосса дошт. Вай ӯро ҳамчун устоди нуктасанҷ эҳтиром мекард, ки дар вақти муайяншуда наздаш омад.
– Мирсафо, саҳро ба саҳро, кӯҳ ба кӯҳ, хона ба хона гаштан бас, – бо лабханд гуфт ӯ, – шуморо ба идораи рӯзнома таклиф мекунем.
Остонзода ба номи правленияи хоҷагӣ нома тайёр карданд. Ва ҷонишини он кас Хурсанд Ҷумъазода мактубро ба раиси хоҷагӣ оварда илтимос намуд ки Мирсафоро аз вазифа озод намоянд ва барои кор ба рӯзномаи навбунёд фиристад. Мирсафо ба кор омад. Лекин ариза навиштан намехост. Пас аз қариб ду ҳафта рӯзи зодрӯзаш 16-уми марти соли 1990 бо чеҳраи болида аризаашро ба муҳаррир супорид. Н. Остонзода бо табассум ва табрик аризаи ӯро қабул карданд. Ӯ аввал чун муҳаррири техникӣ кор карда сипас ба шӯъбаи маънавият ба кор гузашт.
Мирсафо Камолӣ ҳамчун хабарнигор солҳои зиёд дар рӯзнома заҳмат кашид. Мусоҳибаи ӯ бо адабиётшиноси 23-солаи латиш Янис Эшот, ки асарҳои Ҷалолиддин Румӣ, Умари Хайём, Хоҷа Ҳофизу Абдураҳмони Ҷомиро ба забони модариаш аз нусхаи асл тарҷума кардааст, мукофоти рағбатноксозии рӯзномаро гирифт. Мақолаҳои «Моро аз мактаб наронед», «Рӯзнома барои кӣ мебарояд», «Аз пашша фил насозем», «Қаҳрамони беунвон», «Табассуми пеш аз марг», «Дил муқими Самарқанд аст» ва ғайра ба муштариён писанд омада, мардум акси садо навиштаанд. Шеърҳои лирикиаш дар рӯзнома ва китобҳо чоп шуданд.
Вале солҳои охир равуо аз деҳаи дурдасти Чунгул то идораи рӯзнома азият доду ба мактаби рақами 52 ба кор гузашт ва аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сабақ дод.
Ҳоло ӯ дар нафақа аст. Ӯ падари се нафар фарзанд ва якчанд набераҳои яке аз дигаре ширин мебошад.
Гарчанд дар нафақа мебошад ва саломатиаш коҳиш ёфтааст, лекин ҳамон бо тарғиботу ташвиқоти рӯзномаҳо машғул аст. Мардумро ба нашрияҳои «Овози тоҷик», «Гулобод тонги», «Овози Самарқанд», «Ховар» ва ғайра тарғиб намуда ба обуначиён дастрас мекунад. Соли гузашта боз як кори савоб кард. Дастхатҳои Ҳ. Рашидиро ки ба Мирсафо дода барои чопи он васият карда буданд, пеш аз вафоташ бо номи «Гулхани меҳр» чоп кард ва Рашидӣ ки пас аз як сол 7-уми феврали соли ҷорӣ вафот карданд, ӯро то дақиқаҳои охири ҳаёт дуо карданд ва дар ҳаққи меҳрибониҳои ӯ ки ҳангоми беморӣ ва пиронсолагиашон аз дасташон гирифта рӯҳбаланд кардааст, навиштаанд.
Улфати дилсӯзи ман
Хушнудии рӯзи ман.
Туи дӯсти вафодор
Намешавам ҳаргиз хор.
Инчунин шоир Саттор Аҳрорӣ ки бо М. Камолӣ то охири умр дӯст ва ҳамқалам буданд ва бо ташаббуси Камолӣ шеърҳояшон мунтазам дар рӯзномаҳо ва китобҳои алоҳида нашр шуд, аз ӯ миннатдор шуда чандин шеърҳояшонро ба ӯ бахшиданд ва ҳангоми тӯҳфаи китоби «Гулдастаи Самарқанд» «Ту наӣ шогирд ҳаёти шеъри ман» навиштаанд.
Ба ҷои хотима
Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ҷонсӯзи рӯзнома, марди хоксору нексиришт ҷилд-­ҷилд асар навиштан мумкин аст, вале ин кори хайрро ба муносибати 70 солагиаш, ки пас аз ду харбузапазӣ фаро мерасад, анҷом додан мумкин мебошад.
Ҳоло аз имконияти хушбахтона истифода бурда Мирсафо Камолиро бо се ҳазорумин шумора табрик гуфта, сиҳат-­саломатӣ, хонаободӣ, умри дароз ва албатта парвозҳои баланди эҷодӣ таманно дорам ва тез чоп шудани маҷмӯаи назму насри ӯро умедворем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ