Дар Ҳиндустон сангпушти камёби зард пайдо шуд


Дар Бенгалияи Ғарбии Ҳиндустон сангпушти камёби албинос пайдо шуд. Дар ин бора New York Post хабар дод.
Чунин сангпуштҳо дар Осиёи Ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд. Хусусияти зоҳирии онҳо ранг ва ҷуссаи хурд мебошад. Бузургии сангпушти албинос 22-25 сантиметр мешавад. Ранги зард нишонаи бемории лейкизм аст. Дар натиҷаи беморӣ сангпушт ранги табии худро гум мекунад.
Соли гузашта дар ИМА низ чунин сангпушт таваллуд шуда буд. Дар соҳаи байторӣ барои ин навъи нодир то ҳол номе интихоб нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ