Дар зери парчами азим ва бошукӯҳ

Дар Самарқанд ба муносибати қабули парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабиниҳои васеи таблиғотӣ баргузор мешаванд.
Дар аввал, аз майдони Регистони Самарқанд то майдони Кӯксарой марафон ташкил карда шуд. Дар он кормандони низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ҷомеа ширкат варзиданд.
Дар зери парчами азиме, ки дар майдони Кӯксарой гузошта шудааст, аз ҷониби донишҷӯён ва ҷавонон, муассисаҳои таълимӣ намоишгоҳҳо ва озмунҳои аксҳо ташкил карда шуданд.
Ҳоло, дар Самарқанд барф меборад, ҳарорат каме паст шудааст, аммо мардум табъи болида доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ