Маҷаллаи амрикоӣ як лоиҳаи пинҳонии даври ҷанги сардро ба ёд овард


Маҷаллаи The National Interest дар бораи бомби амрикоии Tugeston мақола чоп кард, ки он бояд дар киштиҳои кайҳонӣ ҷойгир мешуд. Дар ин бора «Утро.ру». хабар дод.
Бомби Tugeston, ки моддаи асосии он волфрам буд ва нерӯҳи ваҳшатноки вайронкор дошт, ҳангоми зарурӣ бояд ба суръати беш аз 5 Мах аз киштии кайҳонӣ ба замин партофта мешуд (1 Мах – тақрибан 1224 километр/соат).
Ин “ғоя” ба ИМА имкон медод, ки ба созишномаи Созмони милали муттаҳид дар бораи ба кайҳон баровардани силоҳи атомӣ ва силоҳи қатли оммавӣ “риоя кунад” ва ҳамзамон дар кайҳон бомби маргбор дошта бошад. Вале, ҳукумат дар даври ҷанги сард ин лоиҳаро ба далели қимат буданаш амалӣ накард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ