Қонуни нави Албания: Марде, ки ба аҳли оила даст мебардорад, аз хонаи худ ронда мешавад


Дар Албания қонуни мубориза бо хушунати хонаводагӣ ислоҳ шуд ва аз 18 ноябр ба иҷро даромад. Акнун мардоне, ки зан, фарзанд, ё дигаре аз аъзои оиларо мезананд, фавран аз хонаи худ ронда мешаванд.
Бино ба хабари Регнум ба нақл аз Telegrafi, кормандони пулис мардеро, ки ба аҳли хонаводаи худ даст бардошт, ҳанӯз пеш аз оғози ҷараёни додгоҳӣ (суд) аз хонааш пеш мекунанд, то таҷовузкор ва қурбони ӯ дигар дар зери як сақф зиндагӣ накунанд.
Ҳукумат мардони аз хона рондашударо бо ҷой таъмин мекунад. Баъдан онҳо бо қарори додгоҳ маҷбурӣ дар барномаҳои махсуси рӯҳшиносон иштирок мекунанд. Рӯҳшиносон онҳоро “тарбия” ва ҳолати рӯҳии онҳоро барқаро мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ