Дар Тоҷикистон гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати Соли нав манъ карда шуд

Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба далели хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19 таҷлили Соли нави мелодии 2021-ро дар ин кишвар манъ кард.
Дар қароре, ки ин Ситод содир кардааст гуфта мешавад: “Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ карда шавад”.
Ситод ҳамаи шаҳрвандони тоҷикистониро бори дигар ба риояи қоидаҳое беҳдоштии инфиродиву ҷамъӣ даъват карда, гуфтааст, ки машварату тавсияҳои табибонро қатъан риоя кунанд.
Дар қарори Ситод сайругашти мардум дар боғҳои тафреҳӣ ва гулгашту хиёбонҳо танҳо  бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, доштани ниқобҳои муҳофизавӣ ва риоияи қатъии фоисалаи иҷтимоӣ иҷозат дода шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ