Дар Ӯзбекистону Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод

Шаб дар Тоҷикистон заминунбии 4,1 балла ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Ӯзбекистон.
Заминларза дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 22:10 бо вақти Душанбе ба қайд гирифта шуд.
Тибқи маълумоти маркази зилзилисанҷӣ, ин ҳодиса дар умқи 10 километр рух додааст.
Дар баробари ин заминҷунбии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва 70 километр дуртар аз он, ҳамчунин дар вилояти Ҷиззак ва 95 километр дуртар аз ин минтақа эҳсос шудааст. Дар ин ҷо қувваи заминларза 2 баллро ташкил додааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ