Австралия барои ҷинояти сарбозонаш дар Афғонистон узрхоҳӣ кард


Ангус Кэмпбелл, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Австралия барои ҷинояти сарбозони ин кишвар дар Афғонистон узрхоҳӣ кард. Дар ин бора Евронюз хабар дод.
Ӯ гуфт, “Ман аз номи нерӯҳои мудофиавии Австралия аз мардуми Афғонистон барои кирдори сарбозон самимона узр мепурсам. Тахмин мешавад, ки баъзе дастаҳои сарбозон адолатро ба дасти худ гирифтанд, ҳуқуқ поймол ва ҳисобот сохта шуд, дурӯғ паҳн карданд ва асиронро куштанд”.
Австралия масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани сарбозони худро баррасӣ мекунад, ки дар даҳсолаи гузашта дар Афғонистон ҷиноят кардаанд. Дар он вақт сарбозони ин кишвар дар таркиби нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ҳузур дошт.
Шиканҷаву қатли асирон барои баргузории “маросими оғоз”-и сарбозии ҷавонон аз ҷумлаи ҷиноятҳоест, ки нерӯҳои Австралия анҷом додаанд.
Бино ба ҳисоботе, ки имрӯз, 19 ноябр дар Австралия мунташир шуд, ҷиноятҳое, ки сарбозони Австралия кардаанд, дар вазъияти ғайриҷангӣ, зидди шахсони бесилоҳ анҷом ёфтааст. Ҳисобот дар бораи 39 қатли беасос маълумот дорад ва даҳҳо нафар сарбоз дар ин ҷиноёт гумонбар ҳастанд. Вазорати мудофиаи Австралия эълон кард, ки гуноҳкорон аз мукофоту унвонҳои дар Афғонистон гирифтаашон маҳрум хоҳанд шуд.
Ҳукумати Австралия барои тафтиши ин кор додситони (прокурор) махсус таъин кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ