Каду давои камхунӣ астКаду витаминҳои зиёди фоидаовар дорад ва садҳо бемориро табобат мекунад


Дар таркибаш калий, оҳан, калтсий, магний бисёр мебошад. Барои ором кардани асаб, қадпастӣ, рахит, бемориҳои дилу раг кӯмак мерасонад.
Истифодаи кадуи хом рагҳои хунро тақвият мебахшад ва фишорро дар меъёр нигоҳ медорад. Витамини С, ки дар каду мавҷуд аст, иммунитетро мустаҳкам мекунад ва ба организм дар мубориза бо бемориҳои вирусӣ кӯмак мекунад. Фоидаи кадуи пухта дар он аст, организмро зуд ҷаббида мегирад ва заҳрҳо, токсин ва холестеринро хориҷ мекунад.
Каду барои аксари одамон дар парҳез барои табобат истифода мешавад.

Хосиятҳои фоидаовар
Дар каду, ки миқдори намаки мис ва оҳан бисёр аст, барои камхунӣ ва атеросклероз фоида дорад.
Духтурон тавсия медиҳанд, ки беморони системаи дилу раг бояд кадуро истеъмол кунанд.
Каду – воситаи пешобовар ва ислоҳовар аст.
Кадуи пухта муфид аст, зеро бо варам мубориза мебарад ва моеъи зиёдатиро аз организм хориҷ мекунад. Инчунин, каду фаъолияти ҷигар, рӯдаю меъдаро беҳтар мекунад.
Витамини Е раванди пиршавии организмро суст мекунад.
Шарбати тару тозаи каду барои кори мӯътадили системаи асаб хеле муфид аст ва ҳамчун оромкунанда амал мекунад.
Резаи кадуи хом барои табобати мушкилоти пӯст – экзема, сӯхтанӣ, доғҳо истифода бурда мешавад. Каду таъсири зидди илтиҳобӣ дорад ва ба захмҳо кӯмак мерасонад.
На танҳо каду, балки тухми он ҳам дар табобат истифода мешавад.

Зарар
Кадуро одамони гирифтори захми меъда ва кислотаи баланд, инчунин диабетҳо эҳтиёткорона истифода баранд, зеро он нишондиҳандаи баланди гликемикӣ дорад.
Тарҷимаи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ