Коронавирус ҷони ҷуфтеро, ки 63 сол боз якҷоя зиндагӣ мекарданд, дар байни як соат рабуд

Дар канори шаҳри Милан,маҳаллаи Сесто Сан Ҷованни, ҳамсарон, Винченсои 82-сола ва Олга Молинои 83-сола, дар як рӯз аз сирояти коронавирус даргузаштанд.
Онҳо 63 сол аст, ки якҷоя зиндагӣ мекарданд. Тибқи иттилои рӯзномаи l’Eco di Bergamo, дар охири моҳи сентябр ҳамсарон солгарди арӯсии худро ҷашн гирифтанд. Аммо рӯзи 11 ноябр онҳо дар беморхона бистарӣ шуданд. Нашрия менависад, ки дар беморхона онҳо дар шӯъбаҳои гуногуни муолиҷа аз коронавирус қарор гирифтанд. Аммо рӯзи якшанбеи гузашта, ҳарду бо фарқи яксоатӣ мурданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ